Ёдномаи Расул Ҳодизода (ба ифтихори 90-солагӣ)

Китоб ба ҳаёт ва фаъолияти адабию илмии олими барҷастаи тоҷик Расул Ҳодизода бахшида шудааст. Дар он мақолаҳо ва хотираҳои ҳамкорон ва шогирдон гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 315 саҳифа
фаро мегирад. Дар маркази ин роман образи Аҳмади Дониш қарор гирифта, хислату фазилати хос, дониши бузург, андешаҳои амиқ ва муҳаббати софу беғаши ӯ нисбат ба Рухсора ба тасвир омадааст. Нависанда ба воситаи тасвири иртиботи ӯ бо намояндагони тамоми синфҳо ва табақаҳои иҷтимоии Бухоро – Мулло Носир, Садри Сарир, Мирзо Шамс, Амир Насрулло, Муллоҷон, Қосими аробакаш, Нурулло, Зоҳир-ғулом, Ҷумуш ва дигарон вазъи ҳаёти онрӯза, кирдору рафтор, омолу орзу ва ақидаи одамонро падид меоварад. Ба асар ворид кардани образи намояндагони халқи рус Лерх, Эрлих, Струве, Григорев, Игнатев, Волошин ва дигарон, таъкиди ҳусни назари олимони пешқадами Русия ба таъриху маданияти тоҷик, аввалан, кӯшиши равшан сохтани муносибатҳои аморати Бухоро ва Русия бошад, сониян, таъкид ва тафсири робитаи қаҳрамони марказӣ бо муҳити иҷтимоии замон аст. Нависанда ба воситаи тасвири низоъҳои тезу тунд ва бархӯрдҳои оштинопазири иҷтимоӣ тақдири мамлакат ва сарнавишти мардумро ба қалам дода, хонандаро бовар мекунонад, ки маҳз ба тақозои ҳаёти иҷтимоӣ, рӯйдодҳои сиёсӣ ва падидаҳои иқтисодии нимаи дуюми асри XIX чунин шахсияти бузург ба арсаи таърихи Бухоро омад. Расул Ҳодизода образи Аҳмади Донишро на чун ошӯбгару исёнҷӯ, балки чун фарди одиву хоксор ва ба амалу омоли заминӣ салоҳиятдор тасвир мекунад. Дар тасвири симои Амир Насрулло ҳам муаллифи романи «Ситорае дар тирашаб» аз қолаби маъмули тасвири «амири ҷоҳил» даст кашида, дар баробари ифшои сиёҳкориҳову бадомӯзиҳо ва хиёнату ҷиноятҳояш идроку эҳсосоти инсонӣ ва нотавонии ӯро низ падид меорад, ки баъзан ба ҳоли ӯ раҳми кас меояд. Дар роман ҳодисаҳо на ба тарзи моҷароҷӯёна, балки ором ҷараён ёфта, асар ҳамчун

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё