Зеҳн
Ёдномаи Расул Ҳодизода (ба ифтихори 90-солагӣ)

Китоб ба ҳаёт ва фаъолияти адабию илмии олими барҷастаи тоҷик Расул Ҳодизода бахшида шудааст. Дар он мақолаҳо ва хотираҳои ҳамкорон ва шогирдон гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 315 саҳифа

АдабиётТаърих
Аз аввал хондан

Гузашти фосилаҳо, ки дар ҳаҷми худ ҳаводису воқеа, рӯзу дақиқа ва фурсатҳои пурбореро аз ҳар ҷиҳат гунҷоиш медиҳанд, бо ин ҳама вусъат ба назар андозаи як мижа заданро мемонад. Инсон ба таъбири бузургони ҷаҳони ирфон то замоне, ки аз худ бохабар мешавад ва талоше барои табаддулоти рӯҳонӣ намудан мекунад, муддати умраш ба поён мерасад. Дар ин фурсати хеле кӯтоҳ аз даст додани инсонҳои азизу муътабар ва ашхоси соҳибназар воқеан ғамест носутурданӣ аз саҳифаҳои дили инсоният.

Устоди арҷманди мо Расул Ҳодизода аз табори ҳамин гуна шахсиятҳои муаззам маҳсуб мешуданд, ки маҷмӯи ин фазилатҳои неку шоистаро, ки мӯҷиби саҳифаҳои абадият ва ёдномаҳои моро мунаққаш намудан мешаванд, дар худ таҷассум намуда буданд. Шукронаи қисмат мекунам, ки саодати шогирдии ҳамин устоди бузургворро дар зиндагӣ пайдо кардам ва ҳам дурахши ситораи саъди умр дар сарнавишти ман саҳифаҳои фаровони ҳикматборро ато намудааст. Дар канори файзгирӣ аз сабақҳои раҳнамои устод дар ҷодаи таҳқиқ муҳимтарин аркони дарси одамият, инсонсолириро омӯхтам ва ҳарчанд дар заминаи кӯшишу талошҳои зиёд мо шояд ба ҳадди одамияти олии ин фарди наҷиб расида натавонем, аммо ҳамеша ин сабаку омӯзаҳои рафтори эшонро мекушам дар амалҳои ҳаррӯзаи хеш ба истифода гирам ва дар канори ин ба фарзандону шогирдон биомӯзонам.

Нахустин сабақи дарси ҳидояти устод бароям масъулиятшиносӣ ва пуркори дар зиндагонӣ буд. Устод, ки аз орифони нотакрори таърихи адабиёти форсу тоҷик,

пешина
аз 315
навбатӣ