Ёдномаи Расул Ҳодизода (ба ифтихори 90-солагӣ)

Китоб ба ҳаёт ва фаъолияти адабию илмии олими барҷастаи тоҷик Расул Ҳодизода бахшида шудааст. Дар он мақолаҳо ва хотираҳои ҳамкорон ва шогирдон гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 315 саҳифа
мезаданд, мусиқӣ мешуниданд. Муаллимон Қорӣ Осим Исмагӣ (бародари Обид Исмагӣ), Холиқ Ҳакимзода ва Ғанӣ Саломзода шефтаи ашъори Лоҳутӣ ва Айнӣ буданд.
Майли амакам Ризохон Ҳодизода, ки якумр ба синфҳои ибтидоӣ дарс мегуфтанд, ба адабиёти классикӣ бештар буд. Ин суҳбатҳо шавки маро ҳам бедор мекарданд. Дар омӯзишгоҳи педагогии Самарқанд муаллимони адабиёт Азиз Одилӣ ва Ҳайдар Чӯраев бо дарсҳои пурмазмун, машғулиятҳо дар маҳфили адабӣ, тавсияҳо ва ибрати шахсиашон тақдири маро бо адабиёт пайвастанд.
Интихоби касб ҳамин тавр ҳал шуд. Дар Тошканд, вақте ки дар курси панҷуми донишгоҳ мехондем, А.Болдиров аз Ленинград омада, ба мо нахустин бор курси таърихи адабиёти форсу тоҷикро хонданд. Дар ҳар дарси он кас асроре кашф мешуд. Ин ихтисоси маҳдуд ояндаи маро муайян кард».
Тобистони соли 1970 ҳамроҳи муаллим Ҳодизода ба
саёҳат баромадем. Он кас завҷаашон, духтарашон
Фарангис ва писарашон Фаридун, хулоса тамоми
оилаашонро ҳамроҳ гирифта буданд. Мошинаашонро
удашон меронданд. Сафари мо то Самарқанд давом
кард. Ҷиҳати хоси ин сафар он буд, ки мо аҷалаву шитоб
надоштем. Саёҳати мо истироҳат буд. Ҳар чашмаеро, ки
медидем, фуромада аз оби зулоли он менӯшидем, дар
болои тармаҳо шеър менавиштем, гул мечидем, аз
гиёҳҳои хӯрдани мечашидем, болои сабзаҳо гел мезадем,
дар оби Кӯли Искандар ва Ҳафткӯли овозадори дараи
Шинг, ки бо номи «Ҳафт хоҳарон» машҳур аст, оббозӣ
мекардем, мазори Туғралу марқади Рӯдакӣ, оташкадаи
Муғиёну оромгоҳи Хоҷа Муҳаммади Башоро, мадрасаи
Олим Додгоҳ, ҳафриёту музеи Панҷакентро зиёрат
кардем. Бо бисёр одамони аҷиб ҳамсуҳбат шудем. Асбоби
айш ва дастгоҳи мусиқиро муаллим ҳамроҳ гирифта
буданд. Дастгоҳи киногирӣ ҳам доштанд. Лаҳзаҳои

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё