Зеҳн
Ёдномаи Расул Ҳодизода (ба ифтихори 90-солагӣ)

Китоб ба ҳаёт ва фаъолияти адабию илмии олими барҷастаи тоҷик Расул Ҳодизода бахшида шудааст. Дар он мақолаҳо ва хотираҳои ҳамкорон ва шогирдон гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 315 саҳифа

АдабиётТаърих
Аз аввал хондан

зиёдеро барои «абадият» сабт карданд. Дар ҳамин сафари чандрӯза ман Расул Ҳодизодаро хубтар шинохтам, зеро бештар мо ҳар ду сӯҳбат мекардем, янгаву бачаҳо сомеъ буданд, фақат гоҳ-гоҳ ба сӯҳбати мо шарик мешуданд. Дар шеърдонӣ, вуқуф аз адабиёти олам, фаҳмидани санъат, бохабарӣ аз воқеаҳои ҷаҳон ва донистани таъриху вазъи ҷории адабиёти мо Расул Ҳодизода мисли дарё буд. Маълум мешуд, ки хеле зебописанд, хушзавқ, даррок ва нозукбин аст. Ҳар гоҳ ки аз дарё мегузаштем ва ё аз қуллае убур мекардем, аз ҳозирон касе шеър мегуфт, лаҳзаи афсонаеро ба хотир меовард, худаш қиссае мебофт. Боз мо аҷубаҳои офаридаи табиатро дида, онҳоро ба ашхоси бузург ва қаҳрамонони адабӣ монанд мекардем. Ана ҳайкали Навоӣ мисли расми кашидаи Маҳмуди Музахҳиб, инаш Горкий, қоматаш хамида, ваяш Чалочин-кампир, ана инаш Рустам! Худпӯш, дар тан ҷавшан, бинияш уқобӣ, чашмонаш ба дур нигарон. Кӯҳпорае ки тақрибан чорсад метр баландии ва сесад метр паҳно дорад, ҳаққо ки барелефи Рустами Достон буд. Онро гӯё ҳайкалтароши бузурге тарошидааст. Ба ман, ки дар кӯҳистон калон шудаам, ба туфайли завқу дарки муаллим Ҳодизода зебоиҳои нав ба нави кӯҳистон кашф мегардиданд.

Дар деҳаи мо, ҳангоме ки муаллим бо аҳли оилаашон ба мошиншӯӣ рафтанд, омадани маро шунида хешовандам мӯйсафед Мулло Абдуалии Зокирӣ ҳозир шуда, кӣ будани ҳамроҳамро пурсиданд. «Ҳодизода», — гуфтам. Дар як дам он кас чанд Ҳодизодаҳои Самарқандиро ба хотир оварданд. Аммо ман аз кадом авлод будани муаллимро гуфта натавонистам. Дар ҳамин вақт худи он кас аз мошиншӯӣ баргаштанд. Зокирӣ Ҳодизодаро дидан баробар «Ин кас писари Ҳайдархон» гуфтанд. Баъди пурсупос аз нақли Зокирӣ маълум шуд, ки бобову чанд бобокалони он кас бо бобокалонҳои мо дар

пешина
аз 315
навбатӣ