Ёдномаи Расул Ҳодизода (ба ифтихори 90-солагӣ)

Китоб ба ҳаёт ва фаъолияти адабию илмии олими барҷастаи тоҷик Расул Ҳодизода бахшида шудааст. Дар он мақолаҳо ва хотираҳои ҳамкорон ва шогирдон гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 315 саҳифа
Расул Ҳодизода аз солҳои 60 ба эҷоди асарҳои бадеӣ пардохта, ба мавзӯъҳои таърихӣ (маҷмӯаи «Танбӯри дилкаш», 1966) ва муосир як силсила ҳикояҳо навишт. Ӯ ҳамчунин муаллифи повестҳои «Сапедадам» (1970, дар бораи Аҳмади Дониш), «Парвози Шоҳин» (1980, дар бораи Шамсиддин Шоҳин), пьесаҳои «Бахт дар чист?» (1978) ва «Маздак» (1980) мебошад.
Дар романи ӯ «Ситорае дар тирашаб» (1983) воқеаҳои муҳими таърихию иҷтимоии асри XIX ва фаъолияти адабию ҷамъиятии Аҳмади Дониш инъикос гардидаанд. Баъзе ҳикоя ва повестҳояш ба забони русӣ тарҷума шудаанд.
Расул Ҳодизода дар тарҷумаи классикони адабиёти рус ва ҷаҳон саҳм гирифтааст. Тарҷумаи «Хотираҳои шикорчӣ» ва «Арафа»-и И.С. Тургенев, «Рӯзи охирини маҳкум»-и В. Гюго мутааллиқ ба қалами ӯ мебошанд.
Устод Расул Ҳодизода бешубҳа яке аз бузургмардони илму адаби тоҷик мебошад ва мақомаш дар адабиёт ва таърихи миллати мо мусаллам аст.
Акнун мехоҳам, хотироти хешро дар бораи устод Расул Ҳодизода мухтасар нақл кунам.
Баъди хатми факултаи таъриху филологияи Университети давлатии Тоҷикистон як муддат дар телевизион фаъолият карда, ба бахши бурунмарзии радиои Тоҷикистон — “Овози тоҷик” ба кор гузаштам. Вале беқарор будам, мехостам аспирант ва машғули кори илмӣ шавам. Ҳамин тавр ҳам шуд, соли 1968 ба шӯъбаи ғоибонаи аспирантураи Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ шомил шудам, илова бар ин, ним воҳиди корӣ дар Шӯъбаи шарқшиносӣ ба кор қабулам карданд. Яъне сарнавишти ман ба илми суханшиносӣ пайванд шуд. Устод Расул Ҳодизода, ки мудири секторамон

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё