Ёдномаи Расул Ҳодизода (ба ифтихори 90-солагӣ)

Китоб ба ҳаёт ва фаъолияти адабию илмии олими барҷастаи тоҷик Расул Ҳодизода бахшида шудааст. Дар он мақолаҳо ва хотираҳои ҳамкорон ва шогирдон гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 315 саҳифа
рисолаи ман аниқ шуд – “Мавқеи ғазал дар эҷодиёти Анварӣ” ва ман аз пайи кор шудам...
Устод Расул Ҳодизода хеле сахтгир буданд. Ҳар чизе ки мефармуданд, натиҷаи онро қатъӣ талаб мекарданд. Барои мисол чанд адабиёти заруриро барои мутолиа тавсия медоданд, дере нагузашта имтиҳон мекарданд, ки адабиётҳоро хондаам ё не. Ин имтиҳонҳо одатан дар хонаи устод мегузашт. Эшон дар вақти муайян маро даъват карда аввал суҳбат мекарданд, чизе навишта бошам онро дида ё барои таҳрир гирифта, маслиҳатҳо медоданд ва супоришҳои навро фармуда ба сари дастурхон даъват мекарданд. Янгамуллои меҳрубон, номзади илмҳои биология Башира Бадриддиновна Шаҳҳобова (духтари Бадриддин Шаҳҳобов) палави софиро кашида, рӯйи миз мегузоштанд ва бо устод нӯши ҷон мекардем. Аввалҳо шарм дошта, таомхӯриро дар хонаи устод рад мекардам. Он кас “ин тавр накунед, одам аз дастархони дӯст насиба накарда намеравад”, - гӯён маҷбуран маро сари миз мехонданд. Худованд раҳмат кунад, нону намаки устод ва янгамуллоро зиёд хӯрдаем...
Албатта, дар таълифи рисолаи илмии ман нақши эшон калон аст. Он кас роҳнамои ман буданд ва ҳар сатри навиштаи маро бо қалами таҳрир хондаанд. Вақте бобҳои рисолаи ман омода мешуд, устод зиёд сафар мекарданд ва папкаи диссертатсияро дар портфелашон андохта дар қатораву тайёра ва меҳмонхонаҳо мехонданд, бинобар ин, шӯхиомез мегуфтанд, “рисолаи шумо ҳоҷӣ шудагӣ”. Дар баробари таълифи рисола устод Расул Ҳодизода маро ба таҳияи “Девони Анварӣ” ҷалб карданд. Матнро устод аз ҳуруфи форсӣ баргардон карда буданд, ман бояд онро бо асл муқоиса мекардам. Ин китоб аслан мунтахаби ашъори шоир аст, ки қисми ками эҷодиёти ӯро фаро мегирад, вале намедонам чаро устод онро “девон”

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё