Ёдномаи Расул Ҳодизода (ба ифтихори 90-солагӣ)

Китоб ба ҳаёт ва фаъолияти адабию илмии олими барҷастаи тоҷик Расул Ҳодизода бахшида шудааст. Дар он мақолаҳо ва хотираҳои ҳамкорон ва шогирдон гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 315 саҳифа
мадрасаҳои Самарқанд шарикдарс будаанд. Худи Зокирӣ бо Ҳайдархон Ҳодизода дар Мадрасаи Тиллокорӣ сабақ мегирифтааст. Онҳо соли 1918 аз ҳамдигар ҷудо шудаанд. Охирин шарикдарсони ин авлод ва авлоди мо падари камина ва амаки муаллим Ҳамид Бақозода будаанд, ки то баста шудани мадрасаҳо он ҷо таҳсил кардаанд. Аҷибаш ин буд, ки бисёр нақлҳои Зокирӣ барои худи Расул Ҳодизода ҳам нав буданд. То ба Самарқанд рафтани мо Зокирӣ ба дидори дӯсти шарикдарсаш расида, баъди панҷоҳу ду соли ҷудоӣ бо ӯ суҳбат оростааст. Дар ин сафар маълум шуд, ки Ҳайдархон Ҳодизода чанд сол дар Омӯзишгоҳи педагогии Панҷакент низ омӯзгор будааст.
Шаберо дар Самарқанд дар меҳмонии падари муаллим гузарондем. Он кас пиру камқувват ва ранҷур буданд, бештар рӯи кат истироҳат мекарданд. Аммо тавонистем аз суҳбатҳояшон файзе бигирем. Маълум шуд, ки ба Мавлонои Румӣ ва Мирзо Бедил бештар майл ва дилбастагӣ доштаанд.
Солҳои 1950-1954 Расул Ҳодизода аспиранти Академияи илмҳои Тоҷикистон буд ва дар Москва зиндагӣ мекард. Ба Институти шарқшиносии АИ СССР вобаста шуда буд. Ба шӯъбае равуо мекард, ки роҳбари он эроншиноси машҳури советӣ Е.Бертелс буд. Азбаски роҳбари расмии Расул Ҳодизода устод Айнӣ дар Самарқанд ва Душанбе иқомат дошт, ӯ тадқиқоти илмии худро мустақилона мебурд. Фақат гоҳ-гоҳ И.Брагинский маслиҳаташ медод. Вале худи муҳити илмии Москва қаробат бо донишмандони маъруф, иштирок дар баҳсу маҷлисҳои илмӣ, мушоҳидаи одоби муошират, нишасту хез, одоби мубоҳиса ва коргузории олимони варзидаи пойтахт барои муҳаққиқи ҷавон мактаби ҳақиқии илмӣ буд. Е.Бертелс бисёр масъалаҳои илмии мураккабро бо роҳи маслиҳату машварат сомон мекард. Ин ҳам худ мактаби таҷрибаомӯзӣ буд. Ҷавони пургайрат Расул

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё