Ёдномаи Расул Ҳодизода (ба ифтихори 90-солагӣ)

Китоб ба ҳаёт ва фаъолияти адабию илмии олими барҷастаи тоҷик Расул Ҳодизода бахшида шудааст. Дар он мақолаҳо ва хотираҳои ҳамкорон ва шогирдон гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 315 саҳифа
бандагии забони бегона озод бошад. Ҳамчуноне ки худамон озодем, забони мо ҳам озод бошад». [29, с.17].
Хидмати илмии Т.Зеҳнӣ ба аҳли илму адаб маълуму маъруф аст. Аксари осори илмию адабии Т.Зеҳнӣ барои пешрафти илм ва ҳалли масъалаҳои илмӣ-тадқиқотӣ нақши калон бозидаанд. Р. Ҳодизода дар ин бора чунин мегӯяд: «Хидматҳои илмии Зеҳнӣ ба ҷомеаи илму адаби мо хеле хуб маълум ва маъруф аст».[29, с.27]. «Бешак, аксари осори илмию адабии Зеҳнӣ дар маврид ва мақоми худ барои пешрафти илм ва ҳалли масъалаҳои ҷиддии илмӣ-тадқиқотӣ роли худро бозидаанд». [29, с.26-27].
Оре, дар ҳақиқат он кас аз солҳои аввали ташкилёбии давлати тоҷикон то охири умр барои такомулу ташаккул ва инкишофи илму маърифат саҳми бузург гузоштаанд. Махсусан дар саҳифаҳои онвақтаи маҷаллаву рӯзномаҳои тоҷикӣ, ба мисли «Овози тоҷик», «Бедории тоҷик», «Шӯълаи инқилоб», «Раҳбари дониш», «Барои адабиёти сотсиалистӣ» бо чопи мақолоти худ ва таҳияи китобҳо фаъолона иштирок намуда, хизматҳои бедареғ кардаанд. Р.Ҳодизода дар ин бобат чунин мегӯяд: «Зеҳнӣ дар охирҳои солҳои бистуму аввали сивум намояндаи маъруфи илму адаби тоҷикон буд. Дар тадвини китобҳои дарсӣ иштирок мекард, барои шогирдони хурдсоли мактабҳои тоҷикӣ шеърҳои оҳангдору ёдмон менавишт».[29, с.24].
Р.Ҳодизода қайд менамояд, вақте ки Т.Зеҳнӣ ба кор омад соҳиби ҳуҷҷати расмии илмӣ — унвони расмӣ набуд. Бо вуҷуди он ки синнаш ба шасту панҷ расида буд, бо ташвиқи дӯстону шогирдон ба навиштани рисолаи номзадӣ оғоз кард: «Солҳое буд, ки ҳазор дониш дошта бошӣ у лекин ҳуҷҷати дараҷаи илмии расмӣ, номзади илм дар даст набошад, дар муассисаҳои илмӣ дар сатҳи унвони хурду моҳонаи кам ба кор қабул мекарданд». [29,

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо