Ёдномаи Расул Ҳодизода (ба ифтихори 90-солагӣ)

Китоб ба ҳаёт ва фаъолияти адабию илмии олими барҷастаи тоҷик Расул Ҳодизода бахшида шудааст. Дар он мақолаҳо ва хотираҳои ҳамкорон ва шогирдон гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 315 саҳифа
с.26]. Р. Ҳодизода дар идомаи сухан меафзояд: «Барои шахсоне мисли Зеҳниву Раҳим Ҳошим, ки солашон аз таҳсили аспирантураву унвонҷӯӣ гузашта буд, роҳе ёфта ҳуҷҷати расмии дараҷаи илмӣ гирифтанашон шарт буд. Зеҳнӣ дар синни шаступанҷ солагӣ бо тарғиби дӯстону шогирдонаш ба ин кор иқдом намуд». [29, с.26].
Аслан навиштани рисолаи илмӣ барои Т. Зеҳнӣ душвор набуд. Зеро ӯ солҳо ба ҳайси ходими калони илмии Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии Академияи фанҳои РСС Тоҷикистон фаъолият намуда, корҳои зиёди илмӣ-тадқиқотӣ анҷом додааст.
Рӯзе Т. Зеҳнӣ Р. Ҳодизодаро дида мегӯяд, ки дар бораи санъати шеъру насри бадеӣ китоб таълиф карда, баъдан онро барои дифоъ пешниҳод карданист. Агар дар маъхазҳо доир ба ин мавзӯъ сарчашмае пайдо гардад, ӯро дар ҷараён гузорад: «Рӯзе маро дида гуфт, ки дар бораи санъати шеъру насри бадеӣ китоб таълиф хоҳад кард ва баъд онро барои дифоъ пешниҳод карданист. Он солҳо банда ба таҳқиқ ва омӯзиши ганчинаи дастнависҳо машғул будам. Хоҳиш намуд, ки асаре дар ин мавзӯъ агар ба ҷуз маъхазҳои ба вай маълум пайдо шавад, ҳатман хабар диҳам». [29, с.26]. Пас аз чанде Р. Ҳодизода дастхатҳое пайдо менамояд ва барои пажӯҳиш ва истифода ба Т. Зеҳнӣ медиҳад.
«Зеҳнӣ бо хоксорӣ ва самимияти покаш зуд ба дил роҳ меёфт» [29, с.26] – гуфтааст Р. Ҳодизода. Пас аз он ки Р. Ҳодизода чанд дастнависи навпайдоро ба Т. Зеҳнӣ нишон дод, меҳри Зеҳниро ба даст овард ва бо ин восита ба ӯ боз ҳам наздиктар шуд: «Чанд дастнависи тозаро ба ӯ нишон додам. Хеле хурсанд шуд. Баъд аз ин мулоқоту суҳбатҳои илмии мо бештар воқеъ мешуд». [29, с.26].

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо