Ёдномаи Расул Ҳодизода (ба ифтихори 90-солагӣ)

Китоб ба ҳаёт ва фаъолияти адабию илмии олими барҷастаи тоҷик Расул Ҳодизода бахшида шудааст. Дар он мақолаҳо ва хотираҳои ҳамкорон ва шогирдон гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 315 саҳифа
шӯравӣ дар як хона истиқомат мекардем. Шароити зисти соли аввали донишҷӯй чандон хуб набуд, вале мо бо як умед ва сарбаландӣ мунтазир будем, ки аз соли оянда ҳар яки мо бо хонаи алоҳида бо шароити хуб таъмин хоҳем гардид.
Так-таки дари хонаи мо ба гӯш расид ва пас аз иҷозати даромадан, ҳамаи духтарон, ба сӯи дар суоломез нигоҳ карданд, ки ин кӣ бошад, ба пеши кадоми мо ва барои чӣ омада бошад? Расулхон пас аз ба хона даромадан ва салом номи маро гирифта пурсиданд, ки ман инҷо бошам ё... ва ногоҳ чашмашон ба ман афтоду дигар чизе нагуфта, узрхоҳона нигоҳ карданд ё ба назари ман ҳамин хел намуд.
Ман дар ҳайрат будам ва беҷуръатона ба сӯи он кас қадам мондаму салом додам. Пас аз таклифи мо ба курсӣ нишаста, бо духтарон аз ҳар сӯ сӯҳбат мекарданд ва ба суолҳои кунҷковонаи чанде аз духтарон ҷавоб ҳам доданд. Ман бошам, дар тааҷҷуб будаму чизе намегуфтам. Барои чӣ омада бошанд ва чӣ мақсад дошта бошанд, дар бораи чӣ сӯҳбат мекарда бошем, ба худ меандешидам. Ман аз ин кас 8 сол ҷавонам ва доираи назару дониши мо баробар нест, - гуфта, ба худ суол медодам ва дар дил як чизи дигарро эҳсос мекардам, ки худам чӣ будани онро намедонистам. Баъд аз меҳмоннавозии духтарон ва як-ду пиёла чой нӯшидан маро ба ҳавои тоза ва сайругашт таклиф намуданд. Ман ба ҳурмати меҳмон ва ё он шарораи дар дил буда, ки ҳанӯз худам сарфаҳм намерафтам, розӣ шудам.
Мо оҳиста баробар қадам мезадем. Офтоби нисфирӯзии баҳор ҳамаҷоро равшану табиатро бедор мекард ва ин ба эҳсоси мо таъсир накарда намемонд.
Ман, ки хомӯш будам, он кас кӯшиш мекарданд сӯҳбатамон гарм бошад ва рамидагии ман дур шавад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо