Зеҳн
Ёдномаи Расул Ҳодизода (ба ифтихори 90-солагӣ)

Китоб ба ҳаёт ва фаъолияти адабию илмии олими барҷастаи тоҷик Расул Ҳодизода бахшида шудааст. Дар он мақолаҳо ва хотираҳои ҳамкорон ва шогирдон гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 315 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан
  • Тақрибан, 10-12 феврал буд, дар хона ду-се рафиқон ҷамъ шудем, гуфтанд он кас, бегоҳӣ соатҳои 8 ба куҷое рафтанд, таклифи онҳоро рад намуда, дар хона танҳо мондам.

Ҳамин вақт валси зебои пуршукӯҳу пурҷӯшу хурӯши бо эҳсоси Хачатурян аз драмаи “Маскарад”-ро аз радио шунидам. Оҳангҳои латиф ба фикру таассуроти зарифи қалби ман нисбат ба шумо ҳамоҳангӣ мекард. Дигар ба ин туғёнҳо ғалаба карда натавониста, дар бевақтии шаб, дар шиддати сармо ба тарафи шумо омадам. Дар шаби торик аз касони бисёре нишонии шумо додаро, ки тасодуфан шуморо дар назди меҳмонхонаи “Москва” дида будам, пурсуҷӯ карда, то ба он корпус расидам, ҳатто дарро ҳам кушодаму ба роҳрав дохил шудам ва ҳамон дақиқа боз гаштам ва инак, имрӯз наздатон омадам...

Ман ба саволҳои эшон ҷавоби кӯтоҳ медодам. Баъд аз чанде гуфтам, ки фардо дарси бисёр дорам, ба коллоквиум ва семинар тайёрӣ диданам лозим аст.

Вақти ба хобгоҳ баргаштан ба метро ба сӯи стансияи Павелетский даромадем ва дар яке аз нишастгоҳҳои онҷо нишастем.

  • Баширахон гуфтанд, аз он рӯзе, ки ман ба Маскав омадам, бо шумо ғоибона сӯҳбат ва ҳамеша ёдатон мекардам. Ҳамаи ин сӯҳбатҳо инҷо сабт кардам ва инро акнун ба шумо тақдим мекунам. Хоҳиши хондан дошта бошед, бубинед, чӣ сӯҳбатҳо доштам, гуфтанду ба ман якчанд қоғази навиштаашонро доданд ва ман онро гирифта, ба кифам андохтам.

Мулоқоти навбатиро ба якшанбеи ояндаи дувум мондем, дар якшанбеи наздик ман ба дарсҳоям банд гуфта, баҳона кардам. Маро то хобгоҳ гусел карданд ва хайру хуш намудаму зуд ба хона, ошёнаи сеюм

пешина
аз 315
навбатӣ