Зеҳн
Ёдномаи Расул Ҳодизода (ба ифтихори 90-солагӣ)

Китоб ба ҳаёт ва фаъолияти адабию илмии олими барҷастаи тоҷик Расул Ҳодизода бахшида шудааст. Дар он мақолаҳо ва хотираҳои ҳамкорон ва шогирдон гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 315 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

нагузаронанд ва таъкид мекарданд, ки навистани мактубро хотиррасон ва ман ҳам аз аҳволашон он касро хабардор кунам.

Баъд аз омадан аз Маскав Маҳдихон муддате ҳамроҳи мо истиқомат доштанд ва гоҳ шабҳо ба хона намеомаданд ва ба пеши падари ман мерафтанд. Падарам ҳам табиб буданд ва ин ду тан духтур ба ҳамдигар унс гирифта буданд ва падарам он касро парасторӣ мекарданд. Бинобар ин Маҳдихон дар вақти андаке кайфият доштан хона наомада, пеши падарам мерафтанд, то ки сабаби дилтангӣ ва сарзаниши бародарашон нашаванд. Дар ин маврид падарам ба хонаи мо меомаданд ё маро дар ягон ҷо бинанд, мегуфтанд: Баширахон, ба домод гӯӣ, ки хавотир нашавад, духтур ин шаб пеши ман буд ва мо ҳар ду чақ-чақ карда, хоб кардем. Ӯ инсони хуб аст.

Ҳамин тавр, дар симои ҳамсарам Расулхон ягона одами ғамхор, наздик, ғайр аз он ки дӯст, рафиқ ва дӯстори ман буданд, маслиҳатгар ва тақвими ин касро пайравӣ кардан барои ман як назарияи фаъолияти зиндагии оянда буд, ки ин як ҳисси қаноатмандӣ ва як ҷаҳон хушбахтӣ мебахшид.

Эшон муҳаббат, вафодорӣ ва миннатдории худро ба он устодоне, ки ба ин кас некиҳо ва меҳрубониҳо кардаанд, ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекарданд ва онҳоро ҳама вақт пос медоштанд, ки ин дар кирдору рафтору гуфторашон дида мешуд.

Ёд дорам, ки соли 1954 пас аз дифои номзадӣ дар Маскав бо тавсияи Мирзо Турсунзода ёвари котиби Иттифоқи нависандагон Н.С. Тихонов Расулхонро назди худ даъват намуда, пешниҳод кардааст, ки ба ӯҳдаи худ вазифаи мушовири адабиёти тоҷикро дар комиссияи адабиётҳои халқҳои СССР гиранд. Ин пешниҳод ба ҳардуи мо хуш омада буд ва то ҳатто устоди дар Маскав

пешина
аз 315
навбатӣ