Ёдномаи Расул Ҳодизода (ба ифтихори 90-солагӣ)

Китоб ба ҳаёт ва фаъолияти адабию илмии олими барҷастаи тоҷик Расул Ҳодизода бахшида шудааст. Дар он мақолаҳо ва хотираҳои ҳамкорон ва шогирдон гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 315 саҳифа
буда, И.С. Брагинский инро маъқул донист ва гуфт, ки дар муддати 2-3 сол метавонанд боз рисолаи докториро нависанд. Аммо дар ин бора розигии устоди маҳбуб ва пешбин Садриддин Айнӣ лозим буд, бинобар ин ба он кас мактуб навистанд ва гумон мекарданд, ки ҷавоби мусбате хоҳанд гирифт. Вале устод қатъиян иҷозат надоданд ва инро дар номаашон чунин маънидод кардаанд: “... Бояд шумо дар ин кор на аз нуқтаи назари манфиати шахсии худ, ки дар Маскав зудтар пеш меравед ва ҳам зиндагонии онҷо нисбат ба Сталинобод маданӣ ва осуда аст, қатъи назар карда, фақат ҷиҳати қаҳтии одами Тоҷикистонро ба назар гирифта зуд биёед... Ва баъд аз он худро дар даруни ҷамъияти Тоҷикистон бо кори худ хуб нишон диҳед. Дар ин вақт (баъд аз 3-4 сол) метавонед ба докторантӣ равед...”
Ҳамин тавр ба ҳеҷ чиз нигоҳ накарда, гуфтаву насиҳати устодашонро қабул намуда, 27 июл ба Сталинобод баргаштанд. Вале ҳайҳот устоди бузургвор 15 июл даргузашта буданд.
Расулхон устодашон — Айнӣро ҳамеша бо як рӯҳбаландӣ ёд мекарданду мегуфтанд, бо даъвати он кас ман ба Сталинобод омадам, он чи ки фармуданд, кардам ва он чӣ гуфтанд, барои ҷомеа то қувват доштам, кардам ва хоҳам кард. Ман ҳамеша ёд ва ҷонфидоии он касро барои миллати тоҷик пос медорам.
Ҳамон рӯзҳо Расулхон ба ман мегуфтанд, ки саломатии устодашон чандон хуб нест ва акнун бояд зудтар ба Сталинобод ба дидори он кас расанд. Ман бошам, ҳамин тобистони соли 1954 барои таҷрибаомӯзӣ дар омӯзишгоҳи таҷрибавии факултаамон Звенигород будам, ки аз он кас номае гирифтам, ки бо дили сӯзону ашки резон навиштаанд, ки Лутфия барқия фиристода, даргузашти падарро хабар додааст.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо