Ёдномаи Расул Ҳодизода (ба ифтихори 90-солагӣ)

Китоб ба ҳаёт ва фаъолияти адабию илмии олими барҷастаи тоҷик Расул Ҳодизода бахшида шудааст. Дар он мақолаҳо ва хотираҳои ҳамкорон ва шогирдон гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 315 саҳифа
Мегуфтанд, ки дар сари фармон нишаста мошин ронам ва ин табиати зебои Тоҷикистонро бинам, хастагиҳои чандвақтаам мебарояд. Дар вақти ронандагии худ шӯҳиҳои ҳайратангез мекарданду ҳикояҳои аҷиб мегуфтанд ва ҳама чизро дар атроф, дар осмон парвози парандаҳо, ҳавопаймо ва монандӣ инҳоро медиданд, ки мо дар ҳайрат ва дар ташвиш мешудем, ки хубтараш ба роҳ нигоҳ кунанд.
Вақтҳое мешуданд, ки дар ягон маҳфил ё нишаст бо ҳамкасбонашон ва шогирдон бошанд, аз он нишаст чандон маъқул ё қаноатманд нашаванд онҳоро ба хона даъват мекарданд.
Дар хотир дорам, рӯзе ба нишасте рафтанд, ман нарафтам, соатҳои 10-11 шаб буд, ки бо шогирдони худ 7-8 нафар омаданд. Шогирдон бо як эҳсос ва хушнудӣ мегуфтанд, ки ҳамаи моро устод маҷбуран ба мошинашон як илож карда шинонданду оварданд, ки давоми нишаст дар хонаи мо. Онҳо аз ман узр мепурсиданд, ки дар бевақтии шаб омаданд.
Ман гуфтам: Ҳеҷ гап не, ин хушҳолии Шумоён ва устод бошад, ман ҳам хеле хурсандам. Ва ин хел рӯзҳои хуш бори аввал нест, бо дӯстҳои худ ин хел нишастҳо хеле зиёд рух медоданд.
Ҳамин хел ҳамон шаб то бевақтӣ сӯҳбат оростем, мусиқӣ гӯш кардем, рақсидем, ки то ҳол он шогирдон он рӯзҳоро дар хотир оварда ва ба ҳамдигар ҳикоя мекунанд, ки чӣ рӯзҳои хуб буданд.
Гоҳе устод ба хона занг зада мепурсиданд ба чӣ кор машғулам.
-
Ба хӯрокпазӣ, - мегуфтам.
-
Хайр ман пас аз чанде бо касе ё фалонӣ меоям.
Ҳамин тавр, бо ягон меҳмони ношинос ё дӯсташон меомаданд. Онҳоро пазироӣ ва сӯҳбатҳо аз ҳарсӯ

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо