Ёдномаи Расул Ҳодизода (ба ифтихори 90-солагӣ)

Китоб ба ҳаёт ва фаъолияти адабию илмии олими барҷастаи тоҷик Расул Ҳодизода бахшида шудааст. Дар он мақолаҳо ва хотираҳои ҳамкорон ва шогирдон гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 315 саҳифа
мекарданд, ки ҳама бо як хушҳолӣ пас аз чанде қаноатмандона мерафтанд.
Устод зиндагиро хеле дӯст медоштанд ва ҳаракат мекарданд, ки он ҳамеша хуш гузарад. Поквиҷдон буданд ва ба касе бадхоҳӣ ва осебе намерасониданд. То тавонанд насиҳат мекарданд ва дасти ёрӣ мерасониданд. Агар инро ҳамон шахс ба инобат нагирад, яъне гуфтаи устодро накунад, онгоҳ дигар чизе намегуфтанд ва дахолат ҳам намекарданд. Мисоли ин он шуда метавонад, ки солҳои охир дар Шӯрои илмии дисертатсионии Институти забон ва адабиёт рисолаҳои илмиву доктории начандон арзанда барои дифоъ пешниҳод мешуданд. Ин хел рисолаҳо илмро суст мекарданд, устод дар ин масъала фикри худро баён намуда, машварат ва маслиҳатҳои худро медоданд, ки корҳои пешниҳод шуда арзанда бошад, ҳоло ин кор хом аст ва нуқсонҳои рисоларо аз ҷиҳати маънавию илмӣ ислоҳ намуда, пас барои дифоъ пешниҳод кардан лозим аст. Вале ин гуфтаҳо иҷро намешуданд...
Бинобар ин солҳои охир аз аъзои Шӯрои илмии диссертатсионӣ даст кашидаю ариза дода рафтанд.
Гуфтанд: - Ман ба ин дигар дахолат намекунам, виҷдонам ҳам қабул намекунад, ки бо чунин рисолаҳои намеарзидагӣ овоз диҳам.
Ҳангоми дари хонаро кушодан рӯзҳои хушбахтарини устод ба ёд расид ва инро ба Ромин хотиррасон карда, гуфтам:
- Пас аз ҷарроҳии мураккаб чанд вақти дигар дар хона бистарӣ буданд, ки аввали моҳи ноябри соли 2001 занги телефонӣ шуд.
Гӯшакро гирифтаму ба устод додам, ки Шуморо мепурсанд. Ҳолпурсӣ карданд ва дидам, ки табассум дар чеҳраашон пайдо шуда, симои рӯҳияшон равшан шуд. Бо ин хабари хуш маро хурсанд намудед, барои хабар хеле ҳам сипосгузорам гуфтанду хайру хуш намуданд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо