Ёдномаи Расул Ҳодизода (ба ифтихори 90-солагӣ)

Китоб ба ҳаёт ва фаъолияти адабию илмии олими барҷастаи тоҷик Расул Ҳодизода бахшида шудааст. Дар он мақолаҳо ва хотираҳои ҳамкорон ва шогирдон гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 315 саҳифа
Гӯшакро аз дасташон гирифта, суоломезона нигоҳ кардам, чӣ буд ки Шумо чунин хушҳолед.
- Ҳа, аз дастгоҳи Президент ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ дӯстон муждагонӣ доданд, ки Рӯзи Рӯдакӣ дар радифи идҳои ҷумҳурӣ ба тасвиб расидааст-22 сентябр "Рӯзи Рӯдакӣ" эълон шудааст.
Дар хотир дошта бошед, ман дар ҳамоиши нахустини "Бунёди Рӯдакӣ" бо иштироки донишмандони эронӣ дар Панҷакент бо унвони "Ёди Рӯдакӣ дар диёри Рӯдакӣ" муроҷиати ширкаткунандагонро ба Президент Эмомалӣ Раҳмон эълом намуда будам ва дар охири нома пешниҳод шуда буд, ки аз соли оянда ҳар сол 22 сентябр "Рӯзи Рӯдакӣ" эълон гардад.
Чӣ хеле, ки медонед Маҳтро дар Душанбе пешакӣ тайёр карда будам ва ба касе чизе нагуфтам, ки мабодо шахсоне пайдо шуда халал расонанд.
Ниҳоят имрӯз рӯҳи Рӯдакӣ ҳам шод шуд ва ман ҳам хушбахтам, ки ба яке аз мақсадҳоям расидам. Ҳеҷ набошад ба миллат заррае фоида расонидам ва ба зинда намудан ва омӯхтани санъати Рӯдакӣ ва мероси адабии классики тоҷикон иқдом кардам, ки ин ифтихори миллати мост.
Ва акнун мақсади дувум, ин навиштани хотирот мебошад, ки нақшаашро пеш аз бистарӣ шуданам навишта будам.
Хотирот дар бораи ононе, ки барои пешравии илму адабиёту маданияти миллатамон хизматҳои зиёде кардаанд. Ман онҳоро аз дуру наздик мешинохтам ва аз рафтору кирдори онҳо сабақ меомӯхтам ва ба зиндагии ман нақше гузоштаанд. Мехоҳам ҷавонон ва насли ояндаи мо аз таърихи гузашта огоҳ бошанд ва ба онҳо як дарси зиндагӣ шавад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо