Ёдномаи Расул Ҳодизода (ба ифтихори 90-солагӣ)

Китоб ба ҳаёт ва фаъолияти адабию илмии олими барҷастаи тоҷик Расул Ҳодизода бахшида шудааст. Дар он мақолаҳо ва хотираҳои ҳамкорон ва шогирдон гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 315 саҳифа
“Мавзӯи таърихӣ ва рӯҳи замон”, “Самтҳои танқид”, “Замон ва наср”, “Паҳно ва жарфои насри имрӯза” ва ғайра масъалаҳои муҳими ҳаёти адабиро мувофиқи талаби замон ва дархости зиндагӣ бо маҳаки раванди таърихӣ ба муҳокима гирифтаанд.
Расул Ҳодизода аз ибтидои фаъолияти мунаққидии хеш нисбат ба адибони ҷавон ғамхор буда, бо нишон додани хубиҳо ва кӯтоҳиҳои асарҳои онҳо ба сайқал пазируфтани маҳорати олимӣ ва нависандагии эшон мадад мерасонад. Такризу мақолаҳои ӯ роҷеъ ба асарҳои нахустини Ҳ.Айнӣ, Б.Шермуҳаммадов, С.Имронов, Сорбон, А.Рабиев, М.Аҳмадова, З.Атоуллоева ва дигарон нафақат онҳоро дар ҷодаи пешравт рӯҳбаланд мекард, балки тарғиби эҷодиёти онҳо низ буд. Инчунин мақолаҳои “Дар бораи эҷодиёти нависандагони ҷавон” (1958), “Насри ҷавони тоҷик” (1963), “Насли сеюм дар майдони эҷод аст” (1967), “Гуле, ки дар шеър шукуфтааст” (1986) аз падидаҳои ҷолиби танқиди адабии советии тоҷиканд. Худи мунаққид менависад: “Ман ба эҷодиёти ҷавонон ва номҳои наве, ки дар адабиётамон пайдо мешаванд, завқу рағбати махсус дорам. Ҳикояҳои хурдтарини онҳоро мехонам ва баъд ҳамеша “роҳи инкишофи” онҳоро, то он ҷо ки маро даст медиҳад, бо диққат мушоҳида мекунам” (“Садои Шарқ”, 1987, №6, с. 111). Ин гуфта бо навиштаҳои соҳиби сухан комилан мутобиқ аст.
Солҳост, ки дар муҳити адабии советӣ ва аз ҷумла дар доираҳои адабии Тоҷикистон роҷеъ ба танқиди адабиву бадеӣ ва ҷавҳару мақоми он баҳсҳо меравад. Баъзеҳо онро пешрав, гурӯҳе думрав, бархе оина, зумрае довари адабиёт меноманд, ҳатто адибоне низ ҳастанд, ки онро соҳаи мухтори адабиёт мешуморанд. Ин ҷо ба баҳс ҳочат нест. Худи мафҳуми танқид илқо мекунад, ки вазифаи он саррофӣ ва қазовати осори мавҷуд аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё