Ёдномаи Расул Ҳодизода (ба ифтихори 90-солагӣ)

Китоб ба ҳаёт ва фаъолияти адабию илмии олими барҷастаи тоҷик Расул Ҳодизода бахшида шудааст. Дар он мақолаҳо ва хотираҳои ҳамкорон ва шогирдон гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 315 саҳифа
Танқиди Расул Ҳодизода танқиди арбадаҷӯёна, озоранда, саркӯбанда ва тунд нест. Он танқиди ботамкин, даррок, шодоби таҳлили бодалел ва маслиҳатомезу гиреҳкушо буда, ин гуна танқид аз рӯи тамаллук низ бегона аст.
Покизакорӣ ва амонатнигаҳдорӣ аз фазилатҳои фаъолияти илмии Расул Ҳодизода аст. Ин хислати наҷиб хусусан дар корҳои матншиносии ӯ аёнтар ба назар мерасад. Ин ҷо барои тафтиш имкони муқоиса бо асл ҳаст. Расул Ҳодизода чандин асари Аҳмади Донишро мукарраран, осори Рӯдакӣ, баёзи “Адибони Тоҷикистон” (ҳамроҳи Раҳим Ҳошим), мухтасари девони Анварӣ, “Ҳикояҳои халқӣ аз “Маснавӣ” ва ғайраро бо сарсӯханҳо ва шарҳу тавзеҳ ба табъ расонд. Боре пурсидам: “Муаллим, шумо дар матни классикӣ лағжише надоред, оё таълимро аз падар гирифтаед?” “Падарам намегузоштанд, ки мо бачаҳо ба китобҳои арабихат наздик шавем. Аслан чунин китобҳоро дар хона нигоҳ ҳам намедоштанд. Муаллим, ки буданд, метарсиданд. Замона ҳамин хел буд. Аммо модар дар набудани он кас ба ман алифбои арабиро ёд дода, девони Ҳофизро хононданд. Ин ҳам аз рӯи анъанаи ҳофизхонӣ дар мактабҳои кӯҳна ва ҳам аз он сабаб буд, ки девони Ҳофиз қисман ба алифбои лотинӣ чоп шуд ва имкон медод, ки ҳангоми мутолиаи мустақилона агар кас ба душворие дармонад, ба он муроҷиат намояд. Баъд худам “Чорпарӣ”-и Аҳмади Ҷомиро ҳарф ба ҳарф хонда сипас “Ҳазору як шаб”-ро хондам. Бо маслиҳати Ниёзхон-амак, ки посбони Гӯри Мир буданд, нусхаи “Тузукоти темурӣ”-ро аз он кас ба орият гирифта хондам. Бо ҳамин дар дувоздаҳ-сездаҳсолагиам саводи форсиам баромад”.
Хонандаи ин мақола ҳақ дорад ба нигоранда эрод гирад: фарзона маънои ҳаким, донишманд, олим, оқил, фозил, хирадманд, шариф, покнажод, ҳамидахисол ва софниятро дорад, аммо муаллифи мақола ба овардани

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё