Зеҳн
Ёдномаи Расул Ҳодизода (ба ифтихори 90-солагӣ)

Китоб ба ҳаёт ва фаъолияти адабию илмии олими барҷастаи тоҷик Расул Ҳодизода бахшида шудааст. Дар он мақолаҳо ва хотираҳои ҳамкорон ва шогирдон гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 315 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Ҳатман яке аз пайравони Мотридӣ Абулқасим Самарқандӣ (ваф. 953) бошад. В.В. Бартольд дар мақолаи «Мусульманская догматика» менависад, ки дар он рӯзгор дар Самарқанд равияҳои рӯҳан бидъатгарои гуногуни ба ҳам мухолиф зиёд буданд. Аз ҷумла мӯътазила, карромия, ки то 17 мадраса доштаанд. Бо ин гурӯҳ ба қавли В.В. Бартольд Абулқасим Самарқандӣ ва Мотридӣ мубориза мебурдаанд. Ин вазъият водор мекунад, ки ҳокимон дар фикри тартиб додани усули роҳнамои дин афтанд. Чунин усули роҳнаморо Абулқасим Самарқандӣ навиштааст.

Абулқасим Самарқандӣ, мувофиқи маълумоти В.В. Бартольд дорои маълумоти фалсафӣ будааст, вале, мегӯяд ӯ, аз осори ӯ чунин натиҷае бар намеояд. Балки аз он таъсири тасаввуроти порсии мардумӣ аёнтар аст. Ҳамчунин Бартольд дар бораи афкори Абулқасим Самарқандӣ бидуни зикри сарчашма (нисбат ба Мотридӣ) ҳудуди як саҳифа маълумот додааст, вале чизе дар бораи осори ӯ нагуфта. Хушбахтона дар ҷилди аввали «Таърихи адабиёти Эрон» доктор Забеҳулло Сафо дар қатори насри порсии қарни чаҳорум ва нимаи аввали панҷум аз «рисола дар аҳкоми фиқҳи ҳанафӣ» ёд карда, ки гуфта шуда: «қисмате аз он таснифи Ҳаким Абулқосим Муҳаммади Самарқандӣ (м. 343/954)»34.

Яке аз дигар мутафаккирони самарқандӣ Абуллайс ас-Самарқандӣ мебошад, ки ба яке аз осори ӯ «Бӯстонул-орифин» Адам Мец иқтибосу исноди зиёд кардааст. Баҳоуддин Хуррамшоҳӣ насаби пурраи ӯро Абуллайс ибни Муҳаммад ибни Иброҳими Самарқандӣ машҳур ба «Имомул-ҳудо» (мелодашро 373 ё 375) нишон дода. Ӯро аз фуқаҳо ва муфассирони машҳур номида. Ҳамчунин менависад, ки вай дар фурӯъ тобеи мазҳаби ҳанафӣ аст ва

34 Забеҳулло Сафо. Таърихи адабиёти Эрон. Теҳрон. Ҷ. 1. 1342

пешина
аз 315
навбатӣ