Зеҳн
Ёдномаи Расул Ҳодизода (ба ифтихори 90-солагӣ)

Китоб ба ҳаёт ва фаъолияти адабию илмии олими барҷастаи тоҷик Расул Ҳодизода бахшида шудааст. Дар он мақолаҳо ва хотираҳои ҳамкорон ва шогирдон гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 315 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

мезаданд ва мавзӯҳои таносуби Худованд ва сифоти Ӯ, офарида будан ё азалӣ будани Қуръон, масъалаи ҷабр ва ихтиёр, ва таносуби мусалмон будан ва гуноҳ (гуноҳи кабира). Усулан ихтилоф дар ҳалли ин масоил байни равияҳои каломӣ вобаста аз сатҳи корбурди маърифати нақлию ақлӣ аст. Асари Мотридӣ бо номи «Радул-лил-хамса ли Абифосик» дар ради ҳамин панҷ усули муътазила аст.

Умдатарин масоил аз мӯҳтавои ин панҷ усул: таносуби сифоти Худованд бо зоти Ӯ, адли илоҳӣ ва вобаста ба он масъалаи ҷабру ихтиёр ва касб– озодии амал доштан ё надоштани бандаи Худост. Дар ҳалли аксари ин масоил Мотридӣ мавқеи миёнаи байни муътазила ва ашъария аст. Масалан ашоира корҳои Худоро тобеи ғаразҳо ва мақсадҳо намедонанд, вале Мотридӣ ба ҳасби Ҳаким будани Худо афъоли Ӯро аз рӯи ғараз ва ҳадафу мақсад ва маслиҳати бандагон медонад. Ҳамчунин дар масъалаи ҷабр ва ихтиёр ва касб низ Мотридӣ роҳи миёнаро ихтиёр кардааст. Аз назари Мотридӣ озодии инсон ва соҳибихтиёрии ӯ на аз он иборат аст, ки қудрати халқи амалеро дорад (ин амр ба худи Худованд мутааллиқ аст), балки иборат аз он аст, ки қобилияти касб кардани ин ё он амалеро дорад, ки Худо офаридааст.32

Чунон, ки гуфтем аз Мотридӣ равияи севуми калом Мотридия сарчашма гирифта аз пайравони маъруфи ин мактаб Абулясар Муҳаммад ибни Муҳаммади Бизудӣ (ваф. 478) ва Абӯ Ҳафси Насафӣ (ваф. 537) маҳсуб мешавад, ҳарчанд охирин худ дар ин бора зикре накарда вале осори ӯ аз ҷумла «Ақоидул-насафия» гувоҳи ин аст.33

32 Диноршоев М. Каломи Мотридӣ. Фалсафа дар аҳди Сомониён. Нашриёти «Дониш», 1999. С. 56.
33 Дук. Абдулҳасани Зарринкӯб. Дар қаламрави виҷдон. Теҳрон, 1375. С. 244.

пешина
аз 315
навбатӣ