Ёдномаи Расул Ҳодизода (ба ифтихори 90-солагӣ)

Китоб ба ҳаёт ва фаъолияти адабию илмии олими барҷастаи тоҷик Расул Ҳодизода бахшида шудааст. Дар он мақолаҳо ва хотираҳои ҳамкорон ва шогирдон гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 315 саҳифа
Аз зумраи ҳамингуна риҷоли арабӣ ва сиёсии аҳди Темуриёни Ҳинд, ки баробари ойини давлатдорӣ бо ниҳояти вусъати қалб аз шуарову нависандагон сарпарастӣ мекарду ниҳоли забону адабиёти форсиро дар Ҳинд ғирсу обёрӣ менамуд, Зафархони Аҳсан (1604/05-1670) мебошад. Ба қавли муаллифи “Сафинаи Хушӯъ” “дар қадрдонии ҳунару ҳунармандон ва соҳибсуханону табъбаландон баъд аз Абдурраҳимхони сипаҳсолорӣ мисли вай (Зафархони Аҳсан - З.Ғ.) дар Ҳиндустон пайдо нашуда... дар шеърфаҳмӣ ва шоирнавозӣ дасти азим дошт” (20, 9). Соҳиби тазкираи “Майхона” Абдуннабӣ Фахруззамонии Қазвинӣ низ бо бузургдошти донишу донишварон ва фазилатпешагии худ шуҳрат пайдо намудани Зафархонро дар назар дошта, ӯро “соҳиби ҷавҳар ва ҷавҳаршинос” ном мебарад ва “сарӣ дар суҳбат ва тарбияти арбоби камол” доштанашро таъкид мекунад (17, 854). Муҳаммад Кудратуллоҳи Гупомуй дар “Натоиҷ-ул-афкор” ба ҳамин маънӣ навишта, ки Зафархони Аҳсан “ҳамеша ба арбоби фазлу камол суҳбат доштӣ ва назар бар тарбият ва ҳимояташон гумоштӣ” (6, 49). Соҳиби “Маосир-ул-умаро” бошад, дар ҳаққи караму саховатмандии ӯ чунин навишта: “...зарҳо ба мардуми Эрон медод, хусус дар ҳаққи шуаро турфа базлу карам мефармуд. Суханварони соҳибистеъдод дил аз автон бардошта, рӯи умед ба даргоҳаш мегузоштанд ва ба мунтаҳои мутаманно мерасиданд, худ низ шеърро ба камол расонида...” (23, 761-762).
Вақте Зафархони Аҳсан вазифаи устондори Кобул, Тата ва Кашмирро ба ӯҳда дошт, ӯ ҳамеша барои пешрафту тавсеаи шеъру адаби форсӣ дар ин минтақаҳои Ҳинд кӯшиш ба харҷ медод. Зафархон барои аҳли илму фарҳанг ҳомию мураббӣ ва мушаввиқи некӯ буд ва онҳоро ба силаву подоши гаронбаҳо менавохт. Аксари суханварони маъруфи замон аз шеърпарвариву

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо