Зеҳн
Ёдномаи Расул Ҳодизода (ба ифтихори 90-солагӣ)

Китоб ба ҳаёт ва фаъолияти адабию илмии олими барҷастаи тоҷик Расул Ҳодизода бахшида шудааст. Дар он мақолаҳо ва хотираҳои ҳамкорон ва шогирдон гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 315 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

адабнавозии ин “қадрдони илму ҳунар” ва саховатмандии ин “марде ниҳоят бахшанда” (10, 160) файзёб гардиданд. Масалан, Соиби Табрезӣ аз зумраи суханвароне буд, ки аз Зафархони Аҳсан икрому эҳтиром ва навозиши куллӣ дид ва чанде дар зери сарпарастии ӯ зиндагӣ ба сар бурд. Соиб чун аз шеърдӯстиву шоирнавозии Зафархони Аҳсан огоҳӣ ёфт, ба завқи дидори вай аз Эрон ба Кобул рафт ва тайи чанд соле, ки ӯ маъмури ҳукумати Кобул буд, дар хидматаш буд. Чун байни Соиб ва Зафархон робитаи самимӣ барқарор буд, Соиб аз ибтидо то охири дар Ҳиндустон буданаш аз Зафархон ҷудо нашуд ва ҳар куҷое, ки Зафархон мерафт, Соиб бо ҳамроҳии ӯ буд. Агарчанде Соиб бо кӯмаки Зафархон ба дарбори Шоҳиҷаҳон подшоҳ (1627-1658) роҳ ёфта, аз мулозимони ӯ гардид, вақти устондори Кашмир таъйин шудани Зафархони Аҳсан (1632), Соиб ҳамроҳаш ба Кашмир рафт ва муддате дар ин кишвари минуназир рӯзгор ба сар бурд (2, 52; 10, 162; 9, 317-318).

Соиб, ки аз ҷониби Зафархон икрому эҳтиром ва навозиши куллӣ ёфта буд, борҳо дар ашъораш файзбахшиҳои ӯро ба қалам овардааст. Аз ҷумла:
Дасти гавҳарбори ӯ нагзошт дар рӯи замин,
Ашк дар чашми ятиме субҳгардонӣ кунад (2, 53).
Дар ҷои дигаре саховатмандии Зафархонро бад-ин алфоз мавриди таҳсин қарор додааст:
Хониҳононро ба базму разм Соиб дидаам,
Дар сахову дар шуҷоат чун Зафархони ту нест (2, 49).
Ҳатто вақте ки Соиб аз Ҳинд ба Эрон баргашт, риштаи дӯстии байни онҳо ҳеҷ гоҳ гусаста нагардид ва ба воситаи номаву паём барқарор буд.

Дар яке аз номаҳо Соиб ба Зафархон ғазале ирсол намуда, дар он муҳаббату эҳсони хешро нисбат ба ӯ изҳор доштааст. Зафархон дар навбати худ ба силаи он 5 ҳазор

пешина
аз 315
навбатӣ