Ёдномаи Расул Ҳодизода (ба ифтихори 90-солагӣ)

Китоб ба ҳаёт ва фаъолияти адабию илмии олими барҷастаи тоҷик Расул Ҳодизода бахшида шудааст. Дар он мақолаҳо ва хотираҳои ҳамкорон ва шогирдон гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 315 саҳифа
Калим дар мақтаи ғазале, ки матлааш “Иззати дигар бувад дар домани саҳро маро, Мегузорад ҳар куҷо хорест сар дар по маро”-ст, чунин гуфтааст:
Ҳамсафире нест, хомӯшам дар ин гулшан, Калим, Булбули боғи Зафархон мекунад гӯё маро (13, 63).
Бино ба маълумоти худи Зафархони Аҳсан, ки дар дебочаи девонаш овардааст, Соиби Табрезӣ, Абӯтолиби Калим, Мир Илоҳӣ, Мавлоно Ҳайдари Ҳисолӣ, Қозӣ Абулқосим, Муҳаммад Муқими Ҷавҳарӣ, Мирзо Муҳаммад Маъсум, Мирзо Ҷалоли Таботабой, Мавлоно Равнакӣ, Муллошоҳи Бадахшӣ, Ғании Кашмирӣ, Фонии Кашмирӣ, Мулло Мунъимӣ, Ваҳшӣ, Унсӣ, Мирзо Ҳусайн, Мирзо Муҳаммади Қазвинӣ, Саид Сӯфӣ, Мир Муҳаммад Боқири Улвӣ, Муҳаммадҷон Қудсии Машҳадӣ ва дигар шуарои машҳури замон шамъу чароғи маҳофил ва маҷлиси адабии Кашмир будаанд (4, 123).
Ҳамин маҳфилҳои шеъру сухани форсӣ ва маҷлисҳои адабӣ, ки ба ҳиммати Зафархони Аҳсан тартиб дода мешуд, мӯҷиби ташвиқи шуаро ва тараққиву пешрафти шеър, алалхусус ғазали форсӣ гардид. Дар ин маҳфилҳо ғазале ба санҷиш гузошта мешуд ва шуаро дар он ғазал табъозмой менамуданд. Муҳаммад Мӯҳсин Фонии Кашмирӣ дар муқаддимаи девони худ ба ин маъни навиштааст: «Зафархон маҳфилҳои мушоираи ғазали форсиро монандӣ мушоираҳое, ки дар дарбори Деҳлӣ ривоҷ дошт, дар Кашмир ҳам оғоз кард. Баъд аз ӯ умарову ҳукмронони Кашмир ин суннатро ҳифз карданд ва завқи шеъри форсӣ дар Кашмир аз маҳфилҳо ривоҷу равнақ гирифт» (2, 47). Худи Зафархони Аҳсан низ дар дебочаи девонаш чунин зикр намудааст: «Ҷамъи дигар аз арбоби истеъдод ва худовандони фитрати худодод, ки сити шуҳрату камолоти ин ду се қобил ба чаҳор рукни олам расида, ҳамвора ба маҷлисату мусоҳибати якдигар масрур буда, ҳангомаи суханро тоза доранд» (4,123).

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо