Зеҳн
Ёдномаи Расул Ҳодизода (ба ифтихори 90-солагӣ)

Китоб ба ҳаёт ва фаъолияти адабию илмии олими барҷастаи тоҷик Расул Ҳодизода бахшида шудааст. Дар он мақолаҳо ва хотираҳои ҳамкорон ва шогирдон гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 315 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Воқеан ҳам, дар аҳди Зафархони Аҳсан дар Кашмир бо ҳам омадани бузургтарину маъруфтарин сухансароёни сабки ҳиндӣ (Соиби Табрезӣ, Абӯтолиби Калим, Толиби Омулӣ, Салими Теҳронӣ, Туғрои Машҳадӣ, Қудсии Машҳадӣ, Солики Қазвинӣ, Файзии Даканӣ ва ғ.) ва мавҷудияти шароити мусоиди эҷодӣ яке аз омилҳои равнақи тарзи “нав” дар ин қаламрав гардид. Ширкати онҳо дар маҳфилҳои адабӣ, робитаву алоқаи эшон бо шоирони ин минтақа, муҳовараву мушоира, бадеҳагӯиҳое, ки дар маҳфилҳо ҷараён мегирифтанд, боис бар он шуд, ки суханварони ин минтақа аз беҳтарин падидаҳои адабӣ саривақт огоҳ гардида, дар айни замон худи онҳо низ навҷӯиву тозакориҳо зоҳир кунанд. Ба далели ин гуфта метавон ба маълумоти Шиблии Нӯъмонӣ руҷӯъ намуд, ки ба зиндагӣ ва суҳбатҳои шуарои бузурги аҳд – Соиб, Калим ва Ғанӣ дар Кашмир ишора намудааст. Аз назари ин муҳаққиқи барҷаста маҳз бар асари ҳамин иртибот эшон сабки ҳиндиро «чавлонгоҳи муштарак» гардонидаанд (10, 182). Бадеҳагӯӣ ва назирасарой, ки дар адабиёти ин давра ҷараён дошт, шояд ба ин гармиву интишор дар ягон давраи адабӣ ба мушоҳида нарасад.

Инчунин, нуктадониву сухансанҷӣ ва шеършиносии Зафархони Аҳсан буд, ки шуаро дар кори худ ҷиддияту таваҷҷуҳ ба харҷ медоданд, ки ин ҳам мӯҷиби тараққии шеъру адаб гардид. Ӯ дар маҳфилҳои адабӣ танҳо нақши нозирро надошта, ҳамчун ноқиди баландпоя аксар ба тасҳеҳу интиқоди сухани шуаро мепардохт ва ҳусну қубҳи ашъори ононро меандешид. Ҳамин нуктасанҷии Зафархони Аҳсан буд, ки шуаро тамоми ҳиммати худро бар он мегумоштанд, ки сухани худро ҳаттал имкон ба пояи баланд бароваранд ва дар фанни худ ба такомулу пешрафт мушарраф гарданд, то ки зодаи табъи онон матбӯи табъи ҳокими сухансанҷу хушқареҳа бошад.

пешина
аз 315
навбатӣ