Зеҳн
Ёдномаи Расул Ҳодизода (ба ифтихори 90-солагӣ)

Китоб ба ҳаёт ва фаъолияти адабию илмии олими барҷастаи тоҷик Расул Ҳодизода бахшида шудааст. Дар он мақолаҳо ва хотираҳои ҳамкорон ва шогирдон гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 315 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Бино ба навиштаи Сархуш ӯ як варакеро аз он маҷмӯа дидааст, ки дар он тасвире шабеҳи Калими Кошонӣ буда (14, 5).

Боиси тазаккур аст, ки муаллифони тазкираҳои «Каламот-уш-шуаро» ва «Сафинаи Хушгӯ» ин маҷмӯаро ҳамчун «тазкира» қаламдод намуда бошанд (14, 5; 20, 10), соҳибони «Суҳафи Иброҳим», «Наштари ишқ», «Базми Темурия» зимни маълумот додан дар бораи ин маҷмӯа онро «баёз» номидаанд (19, 66; 22, 143; 1, 173). Шиблии Нӯъмонӣ бошад, ин маҷмӯаро «муракқаъ» зикр намуда, таАССУФ мехӯрад, ки он аз байн рафтааст: «Зафархон, - менависад ӯ, - муракқаъи аҷибе тартиб дода буд, ки имрӯз агар ба даст биёяд, шояд садҳо ҳазор риёл баҳои он бошад ва он баёзмонанде буд, ки ҳар шоир ашъори гузидаашро дар ҷое аз он ба дасти худ навишта ва ба пушти саҳфа ҳам тасвири худи шоир дарҷ будааст» (10, 14). Алӣ Ризо Нақавӣ низ онро «муракқаъ» номида, таъкид бар он мекунад, ки Сархуш онро иштибоҳан тазкира навиштааст (7, 13).

Ашъори Зафархон бештар ба васфи баҳор, табиати зебоманзари Кашмиру Кобул ва Акбаробод, масоили ишқиву ахлоқиву ирфонӣ ва ғ. бахшида шудааст. Гоҳе мо Аҳсанро ба ҳайси як шоири ошиқ ва орифи муваҳҳид бубинем, гоҳи дигар ӯро чун ҳакими рамзошно ва файласуфи жарфнигар мешиносем.

Васфи баҳори Кашмир, боғҳои он ва дигар манотиқи дилфиреби ин хитта дар маркази ашъори Зафархони Аҳсан қарор доштанд. Ин буд, ки соҳиби «Таърихи Аъзамӣ» навиштааст: «Дар таърифи Кашмир каломи бисёр дорад» (18, 140).

Ӯ дар муқаддимаи девонаш нисбат ба ашъоре, ки ба Кашмир бахшидааст, чунин андеша дорад: «Абёти таърифи Кашмир аз роҳи мувофиқат ва расоӣ ҳама дилпазир ва Кашмири дилпазир бе риояти қофия ҳам

пешина
аз 315
навбатӣ