Зеҳн
Ёдномаи Расул Ҳодизода (ба ифтихори 90-солагӣ)

Китоб ба ҳаёт ва фаъолияти адабию илмии олими барҷастаи тоҷик Расул Ҳодизода бахшида шудааст. Дар он мақолаҳо ва хотираҳои ҳамкорон ва шогирдон гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 315 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

ҷаннатпазир. Агарчи шуарои фасоҳатшиори ҳар аҳд ва удабои балогатосори ҳар аср дар таърифу тавсифи ин балдаи беназир нуктасароиҳо намудаанд, аммо бар суханшиносони дақоиқпеша ва мӯшикофони нозукандеша пӯшида нест, ки чун ин рутаб ба он ёбис ва ин гасс ба он симин ба назари инсоф дарояд, тафовут аз ҷисм аст то ҷон ва аз замин то осмон ва аз солеҳ ба фосид ва роиҷ ба косид ва хор ба гул ва Ҳассони Аҷам ба Зайд ва... бегонагӣ ба ошной» (2, 43).

Зафархони Аҳсан дар бораи боғоте, ки дар замони устондори Кашмир буданаш дар бунёди онҳо зиёд эҳтимом варзидааст (аз он ҷумла, боғҳои Зафаробод, Гулшан, Иноят ва Аҳсанобод бо амри ӯ бунёд гаштанд), чунин гуфта:
Зафарободи мо кам аз ҷинон нест,
Чунин пурфайз боғе дар ҷаҳон нест (2, 42).

Ҳамчунин, дар васфи боғи Илоҳӣ ва боғи Ҳасанобод сурудааст:
Яке з-он боғҳо боғи Илоҳист,
Ки ризвонро зи рашкаш чеҳра коҳист.
Ҳасанобод з-онҳо ҳаст мумтоз,
Гулаш дар дилрабоӣ шӯху танноз (2, 42).

Дар васфи дигар боғҳои Кашмир низ бо як ҷаҳон муҳаббат ва садоқат доди сухан дода, онҳоро «обрӯи сад баҳор» ва «рашки ҷаннат» меҳисобад:
Ба даври Дол гулистон бешумор аст,
Ки ҳар як обрӯи сад баҳор аст (2, 42).

Дар ашъори Зафархони Аҳсан танқиди аҳли риё ва воизони авомфириб вуҷуд дорад. Ӯ кӯшидааст, ки дар накуҳиши зӯҳди хушк ва худфиребии ин тоифа ҳарфҳои босазо гӯяд. Ба ин нисбат аст, ки мефармояд:
Носеҳу воиз маро, Аҳсан, ба ҷон овардаанд,
Бод, ё раб, хонаи умри маломатгар хароб (2, 34).

пешина
аз 315
навбатӣ