Зеҳн
Ёдномаи Расул Ҳодизода (ба ифтихори 90-солагӣ)

Китоб ба ҳаёт ва фаъолияти адабию илмии олими барҷастаи тоҷик Расул Ҳодизода бахшида шудааст. Дар он мақолаҳо ва хотираҳои ҳамкорон ва шогирдон гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 315 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Р. Ҳодизода дар соли 1928 дар шаҳри Самарқанд ба дунё омадааст. Падари ӯ Ҳайдархон Ҳодизода яке аз зиёиёни равшанфикри Самарқанд, арбоби намоёни маорифи халқ ва яке аз алоқадорони шеъру адаб буд. Р. Ҳодизода нахуст таҳти тарбияи падараш ба адабиёт завқу ҳавас пайдо кард. Сипас таҳсили олиро дар Донишгоҳи давлатии Осиёи Миёна (ҳоло Донишгоҳи давлатии Тошканд) гирифтааст. Ӯ парваридаи факултети шарқшиносии донишгоҳи мазкур аст. Р. Ҳодизода баъди хатми донишгоҳ бо ҳидоят ва раҳнамоии бевоситаи устод С. Айнӣ ба таҳсил дар аспирантура ва тадқиқоти илмӣ оғоз кардааст. Аввалин тадқиқоти калон ва ҷиддии олими ҷавон, ки чун натиҷаи таҳсили ӯ дар аспирантура ба сомон расид, ба соҳаи хеле душвори адабиётшиносӣ – манбаъшиносӣ оид буда, ба баррасии дақиқи сарчашмаҳои доир ба омӯзиши адабиёти нимаи дуюми асри XIX бахшида шуда ва бо ҳамин ном соли 1956 нашр гардидааст. Ин тадқиқоти пурарзиш то имрӯз ягона асари махсуси манбаъшиносӣ дар таърихи адабиётшиносии тоҷик ба ҳисоб меравад. Арзиш ва аҳамияти илмии он ба дараҷае баланд буд, ки муаллифро на танҳо якбора ба майдони адабиётшиносии ҷиддӣ ворид кард, балки равияи асосии ковишу омӯзишҳои илмии ӯро низ муайян намуд. Он аз зуҳури олими тавоно ва муҳаққиқи боистеъдоди соҳаи таърихи адабиёти тоҷик гувоҳӣ медод. Асари мазкур мақому эътибори баланди муаллифро дар илми адабиётшиносӣ таҳин намуд. Роҳбарияти Академияи илмҳои Тоҷикистон ӯро мудири бахши таърихи адабиёти Институти шарқшиносӣ таъин карданд. Р. Ҳодизода аз оғози фаъолияти илмӣ то ба нафақа баромаданаш, дар давоми бештар аз 30 сол мудирияти ҳамин бахшро аввал дар Институти шарқшиносӣ ва сипас дар Институти забон ва адабиёти Академияи илмҳои Тоҷикистон дар

пешина
аз 315
навбатӣ