Зеҳн
Ёдномаи Расул Ҳодизода (ба ифтихори 90-солагӣ)

Китоб ба ҳаёт ва фаъолияти адабию илмии олими барҷастаи тоҷик Расул Ҳодизода бахшида шудааст. Дар он мақолаҳо ва хотираҳои ҳамкорон ва шогирдон гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 315 саҳифа

АдабиётТаърих
Аз аввал хондан

даҳҳо номи асарҳои адиби маъруф саргарм шуда, хислатҳои инсонии он касро кушода дода натавонист. Эроди билқул саҳеҳ аст. Вале нигоранда ба ҳукми зарбулмасали “мушк он аст, ки худ бибӯяд, на ки аттор бигӯяд” амдан ин шеваи баёнро ихтиёр намудам, то ки дар рӯзи шастумин наврӯзи умри бобаракати донишманди асил ва адиби барӯманд, ки аз самими қалб онро муборакбод мегӯям, бо мадрак, на бо суханҳои ҳавой симои наҷиби ӯро ба мухлисонаш муаррифӣ карда бошам. Бо як байти устод Рӯдакӣ гуфтори хешро хотима медиҳам, зеро мӯътақидам, ки қаробат бо қаҳрамони ин мақола дорад:

Марди адабро хирад физояду ҳикмат,
Марди хирадро адаб физояду имон.

(Аз маҷаллаи “Садои Шарқ”, №8, 1988, саҳ. 115-123)

Садрӣ САЪДИЕВ
(Самарқанд)

ЁДЕ АЗ ОЛИМ ВА НАВИСАНДАИ БУЗУРГ

Дар аввали солҳои 50 ба адабиётшиносии тоҷик олиме ворид шуд, ки бо фаъолияти пурҷӯшу хурӯши илмии худ омӯзишу тадқиқи адабиёти мумтози моро ба зинаи нави камолот бардошт. Ин олим профессор Расул Ҳодизода мебошад, ки номаш дар ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ва дар тамоми собиқ Иттифоқи Шӯравӣ, хусусан дар маркази калонтарини илмию адабии он – Маскав ва Санкт-Петербург ҳамчун адабиётшинос ва нависандаи тавоно маълуму машҳур гардидааст.

пешина
аз 315
навбатӣ