Зеҳн
Ёдномаи Расул Ҳодизода (ба ифтихори 90-солагӣ)

Китоб ба ҳаёт ва фаъолияти адабию илмии олими барҷастаи тоҷик Расул Ҳодизода бахшида шудааст. Дар он мақолаҳо ва хотираҳои ҳамкорон ва шогирдон гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 315 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

фарҳанги тоҷик шурӯъ намуд ва зиёда аз панҷоҳ сол бо камоли ғайрат дар соҳаҳои гуногуни илми адабиётшиносӣ тадқиқ бурд. Таваҷҷуҳи муҳаққиқи ҷавонро пеш аз ҳама адабиёти асри XIX тоҷик, ки давраи хеле пурихтилофу рангин аст, ба худ мекашад. Ӯ барои дуруст ва амиқу ҳарҷониба таҳқиқ намудани адабиёти ин давра даставвал ҳангоми таҳсил дар аспирантура "Сарчашмаҳо оид ба таърихи адабиёти тоҷик дар нимаи дуюми асри XIX"-ро мавзӯи тадқиқи худ қарор дода, соли 1954 дар шӯрои илмии Институти шарқшиносии АИ шӯравӣ дар ҳамин мавзӯъ рисолаи номзадӣ дифоъ менамояд.

Худи ҳамон сол рисола ба забони русӣ ба табъ мерасад ва он дар ҳақиқат аввалин тадқиқоти муфассал роҷеъ ба сарчашмаҳои адабии асри XIX буд.

Расул Ҳодизода омӯзиши адабиёти асри XIX ва эҷодиёти намояндагони барҷастаи онро идома дода, як қатор мақолаву рисолаҳо таълиф менамояд ва соли 1969 рисолаи доктории худро дар мавзӯи "Аҳмади Дониш ва адабиёти маорифпарварии тоҷик" ҳимоя мекунад. Бояд иқрор шуд, ки Расул Ҳодизода аз тадқиқотчиёни асосии адабиёти асри XIX ба шумор меравад. Аз ин ҷост, ки мутолиаи асарҳои фаровони ӯ барои ҳар муҳаққике, ки ба адабиёти давраи мазкур сарукор дорад, ногузир аст. Рисолаву тадқиқот ва мақолаҳои ӯ аз қабили "Адабиёти тоҷик дар нимаи дуюми асри XIX", "Аҳмади Дониш", "Шоҳин", "Равияи пешқадам дар адабиёти нимаи дуюми асри XIX", "Чанд саҳифаи нав дар тарҷумаи ҳол ва эҷодиёти Аҳмади Дониш", "Насри бадеии Аҳмади Дониш", "Баъзе масъалаҳои омӯхтани таърихи адабиёти нимаи дуюми асри XIX", "Ҳуҷҷатҳои пураҳамият аз тарҷумаи ҳоли Аҳмади Дониш", "Аҳмади Дониш ва маданияти рус", "Ситораи саҳарӣ" саҳми арзандае дар

пешина
аз 315
навбатӣ