Ёдномаи Расул Ҳодизода (ба ифтихори 90-солагӣ)

Китоб ба ҳаёт ва фаъолияти адабию илмии олими барҷастаи тоҷик Расул Ҳодизода бахшида шудааст. Дар он мақолаҳо ва хотираҳои ҳамкорон ва шогирдон гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 315 саҳифа
омӯзиши адабиёти асри XIX ва намояндагони барҷастаи он мебошад.
Хидмати Расул Ҳодизода, махсусан дар тадқиқи рӯзгору осори бадеии нависанда ва мутафаккири барҷастаи ин давра Аҳмади Дониш хеле калон аст. Муҳаққиқ бо асарҳои пуршумори тадқиқотиаш паҳлӯҳои асосии эҷодиёти нависандаи бузургро равшан намуда, мақоми баланди ӯро дар адабиёти маорифпарварӣ муайян намуд. Танҳо соли 1976 ба муносибати ҷашни 150-солагии Аҳмади Дониш се китоб ва чандин мақолаи ӯ дар бораи ҳаёту осори мутафаккири бузург аз чоп баромад. Дар натиҷаи кӯшишу ҷустуҷӯҳои зиёд ва меҳнати пурмашаққат дар китобхонаву бойгониҳои гуногуни мамлакат ба Расул Ҳодизода муяссар гардид, ки тасвири аслии Аҳмади Донишро пайдо намуда, пешкаши ворисони ӯ гардонад.
Доираи тадқиқоти адабиётшиносии Расул Ҳодизода бо як аср маҳдуд намегардад. Ӯ аз зумраи он донишмандонест, ки бо такозои замон ва ҳаёти илмиву адабӣ ба муҳимтарин масъалаҳои ҳалталаби илмӣ даст задаанд. Адабиёти тоҷик дорои таърихи ғанию бостонӣ буда, танҳо омӯзиши сатҳии он фурсату заҳмати зиёдеро дархост менамояд. Р. Ҳодизода на танҳо ин адабиётро хеле хуб медонист, балки аз замони қадим то имрӯз давраи адабӣ ё асреро пайдо кардан душвор аст, ки оид ба намояндагони машҳуру номашҳур ва муҳимтарин масъалаҳои он ӯ тадқиқоте набурда ва ё асар эҷод накарда бошад. "Ақидаҳои эстетикии Форобӣ", "Рӯзгори Мавлонои Румӣ", "Назари Ҷомӣ ба назм", "Татаббуоти назм ва сабки шеъри Фонӣ-Навоӣ", "Шӯҳрати ҷаҳонии адабиёти тоҷик", "Тасвири мамолики Шарқи хориҷӣ дар адабиёти маорифпарварии тоҷик" барин мақолаҳои пурарзиши муҳаққиқ, ки дар маҷаллаву маҷмӯаҳои гуногун ба табъ расидаанд, ба тадқиқи давраҳои

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё