Зеҳн
Ёдномаи Расул Ҳодизода (ба ифтихори 90-солагӣ)

Китоб ба ҳаёт ва фаъолияти адабию илмии олими барҷастаи тоҷик Расул Ҳодизода бахшида шудааст. Дар он мақолаҳо ва хотираҳои ҳамкорон ва шогирдон гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 315 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

гуногуни таърихи адабиёти классикии тоҷик бахшида шудаанд.

Адабиёти классикии тоҷику форс дорои дурдонаҳои гаронбаҳоест, ки асрҳо боз диққати оламиёнро ба худ кашида меоянд. Вале таассуфовар аст, ки хонандагони тоҷик аз мутолиаи бисёре аз он асарҳои пурбаҳо бебаҳра буданд. Ин заруратро Р. Ҳодизода низ дарк намуда, зимни корҳои тадқиқотӣ ба таҳияи осори бадеии гузаштагон пардохт. Ба туфайли кӯшишу заҳматҳои ӯст, ки ҳоло оммаи васеи хонандагон пораҳои "Наводир-ул-вақоеъ"-и Аҳмад Махдуми Дониш ва як қатор асарҳои дигари вай, ҳикояҳои халқии "Маснавии маънавӣ"-и Ҷалолиддини Румӣ, "Калила ва Димна", "Девони мунтахаб"-и Анварӣ ва гулчини рубоиёту ғазалҳои шоирони тоҷику форсро ба забони русӣ мутолиа намуда, лаззати зиёди маънавию эстетикӣ мебаранд.

Р. Ҳодизода ҳамроҳи Раҳим Ҳошим тазкираи "Шоирони Тоҷикистон"-ро бо сарсухану тавзеҳот ва шиноснома ба забони русӣ дар Ленинград ба чоп расонидааст, ки хонандагони русзабонро бо намояндагони барҷастаи адабиёти тоҷик ва намунаҳои ашъорашон аз замонҳои қадим то ибтидои асри ХХ шинос менамояд.

Р. Ҳодизода дар таҳияву нашри матни интиқодии "Шоҳнома"-и безаволи Фирдавсӣ ва луғати ин шоҳасар, ки бо ҳамкории олимони шӯравию эронӣ сурат мегирифт, ширкат дошт.

Ӯ донишманди хеле пуркору пурмаҳсул аст ва дар ҳаҷми як мақола зикр кардани ҳамаи асархову тадқиқотҳои ӯ аз имкон берун аст.

Бо иштирок ва роҳбарии Р. Ҳодизода асари бисёрҷилдаи "Очеркҳои таърихи адабиёти классикии тоҷик" эҷод шуд, ки аз 10 китоб иборат аст.

пешина
аз 315
навбатӣ