Зеҳн
Ёдномаи Расул Ҳодизода (ба ифтихори 90-солагӣ)

Китоб ба ҳаёт ва фаъолияти адабию илмии олими барҷастаи тоҷик Расул Ҳодизода бахшида шудааст. Дар он мақолаҳо ва хотираҳои ҳамкорон ва шогирдон гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 315 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

аз Бухороро дид ва пасту баландиҳои замину замонро дар тарозуи хирад хубтар баркашид. Кӯҳнадардони бухории дилашон аз фоҷиаҳои Бухоро хунбаста, ки аз ҳамдилони Аҳмади Донишанд, ин қиссаро мисли шона аз вай мӯ ба мӯ шуниданд, яъне Аҳмади Дониш бо асарҳои илмӣ, фалсафӣ ва бадеиаш, ки дар онҳо ҷанбаи публитсистӣ хеле пурқувват аст, бо муҳокимаҳои ҷиддӣ дар боби ҷиддитарин масъалаҳои сиёсӣ ва ахлоқӣ бо тасвири муассири аҷоиботи одаму олам, махсусан аз русҳо ва Русия халқи Бухороро аз хоби ғафлат бедор ва ба ин васила «фикрҳоро софкорӣ кардани» буд. Р. Ҳодизода дар роман зимни офаридани образи Аҳмади Дониш қариб тамоми роҳи зиндагии ин мутафаккири бузургро ба доираи биниш ва нигориш кашида, бо ҳамин ба олами фикру ҳиссиёти Дониш сар медарорад. Ва ин ҷо дар роҳи зоҳир кардани асосҳои пайдоиши ҷолибтарин ақидаҳои иҷтимоию сиёсӣ ва ахлоқии ӯ ҳарҷ медиҳад.

Мо аз таҳқиқи бадеии Р. Ҳодизода он чизеро, ки Аҳмади Донишро барои мо ва давру замони мо наздику азиз медорад, ба таври дурахшон пай мебарем. Агар инро андаке дигар хел таъбир кунем, Р. Ҳодизода таърихи иртиботи маънавии ду халқи аз қадимулайём ҳамсоя ва ба ҳам бародарро дуруст дарёфта тавонистааст.

Р. Ҳодизода тамоми «механизми» муносибатҳои ду давлат — Русия ва Бухоро ва ду халқ — тоҷику русро дар симои Аҳмади Дониш ва корномаи таърихии вай нишон медиҳад. Ҷанбаи психологӣ маҳз дар ҳамин ҷо, зимни ифодаи дардҳои бедармони Аҳмади Дониш хеле пурқувват, муассир ва дилнишин ба зуҳур омадааст.

Аз мусоҳиба ва мубодилаи Аҳмади Дониш ва амир Насрулло на танҳо дарду алам ва сӯзу гудози Дониш, балки ватанхоҳии муаллиф низ ҳис мешавад.

Р. Ҳодизода умуман ба муносибати амир ва Дониш эътибори хоса дода, бисёр ҳодисаву масъалаҳои замину

пешина
аз 315
навбатӣ