Зеҳн
Ёдномаи Расул Ҳодизода (ба ифтихори 90-солагӣ)

Китоб ба ҳаёт ва фаъолияти адабию илмии олими барҷастаи тоҷик Расул Ҳодизода бахшида шудааст. Дар он мақолаҳо ва хотираҳои ҳамкорон ва шогирдон гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 315 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Дар роман баҳси тезутунде байни муллоҳо дар боби буту санампарстии русҳои ба Бухоро омада («Омадани урус кам набу, ки боз буту бутхонаашро ба шаҳри мо мебиёранд-мӣ, Бухорои Шарифро касиф мекунанд-мӣ») сар мезанад. Аҳмади Дониш ба он муллоҳои хушку яктарафа рӯ оварда, аз Қуръони маҷид сурае мехонад: «Шумо албатта дар дӯстӣ ба мусулмонон насрониёнро наздиктар хоҳед ёфт. Чунки онҳо донову диндор ҳастанд ва такаббур намекунанд» (тарҷума аз арабӣ).

Дар асар на танҳо Аҳмади Дониш, балки ходимони илму давлати Русия, аз ҷумла Григорьев ҳам тарафдори муносибатҳои неки ҳамсоягӣ бо Бухоро ҳастанд: «Барои Григорьев бо намояндаи қавми эронинажод ва сокини шаҳри машҳури ҷаҳон - Бухоро (Мирзо Шамс - В.С.) ошно шудаву сӯҳбат кардан хеле хушу завқбахш буд». Ё худ: «Григорьев ба забони форсӣ гап мезад ва он ҷое, ки душворӣ мекашид, Мирзо Шамс ба тоҷикӣ тарҷума мекард ва суханҳои соф тоҷикии меҳмононро, ки Григорьев баъзан нафаҳмида мемонад, ба русӣ мегардонд».

Р. Ҳодизода дар ҷои дигари роман муколамаи олими ситорашинос В. Я. Струве ва Донишро меоварад, ки баъди тамошои расадхонаи Пулковои Петербург сурат гирифтааст. Ин ҷо на танҳо ба баъзе саҳифаҳои таърихи илми тоҷик ишора шудааст, балки ҳусни назари олими рус аз гузаштаи наҷиби халқи мо ошкор аст.

«- Мо хеле шодем, ки — гуфт Василий Яковлевич баъди бинои ин расадхона бори аввал фиристодагони яке аз мамлакатҳои қадими Осиё Бухоро (В.С.)-ро дар ин ҷо пазироӣ мекунем. Ва хусусан, ки аҷдоду гузаштагони Шумо чандин аср аз мову аврупоиён пеш саҳифаҳ

пешина
аз 315
навбатӣ