Ёдномаи Расул Ҳодизода (ба ифтихори 90-солагӣ)

Китоб ба ҳаёт ва фаъолияти адабию илмии олими барҷастаи тоҷик Расул Ҳодизода бахшида шудааст. Дар он мақолаҳо ва хотираҳои ҳамкорон ва шогирдон гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 315 саҳифа
Кинояву рамзҳои Аҳмад дар муқобили муҳити тоқатфарсо ва сохти зулматбори Бухоро тадриҷан амиқтар рафта, бо ҳамин ҷанбаи тасвири психологиро пуркувват намуда, андешаҳои ниҳонии ӯро аз қаъри дилаш берун мекашад. Чунин тарзи тасвир барои дар вуҷуди Аҳмади Дониш ва шахсони ба вай наздику ҳамдард ба вуҷуд овардани як табаддулоти фикру рӯҳияҳо воситае мегардад. Эрлих ба Аҳмади Дониш рӯ оварда, аз вазъи бемориҳои дар Бухоро фаровон дар ташвиш афтодани худро пинҳон намедорад:
- Оё мадрасаҳои тиббӣ ё дорушифоҳои машҳур нестанд?
Аҳмад табассум карда монд.
- Не, тақсир, - гуфт. Аҳли Бухоро солиму бардаманд, ба онҳо дорушифо зарурат надорад. Худи ҳамон Эрлихи донишманд пас аз дидани манзараи ҳузнангези мазори Баҳоваддини Нақшбанд «...мардуми гуруснаву гадо баробари дидани тоҷирому шахсони раҳгузар магасвор ба онҳо дарафтода... ҳар яке ба дуову тазаррӯъ бахшишу пораи нон мепурсид. Онҳое, ки пораи нону хурдание мегирифтанд, тозон лаби ҳавз рафта, пораҳои нонро ба об тар карда, бо чашмони ҳарис ва дастҳои ларзон ба даҳон меандохтанд. Дар гӯшаи дигар лаби ҳавз намозхонон таҳорат мекарданд...» бо ҳасрат ба Аҳмади Дониш муроҷиат мекунанд: «Ман гумон накарда будам, ки Бухорои Шуморо, ки як вақтҳо ҳусни оламгиру шӯҳрати ҷаҳоншумул дошт, имрӯз ба ин ҳол мебинам... маро маъзур доред, Шумо ки ҳаррӯза онро мебинед, шояд одат карда бошед, аммо ба назари ман табоҳии мулки Шумову забунии мардум бештар намудор гардид...»
Хати сеюми таҳқиқи бадеии рӯйдодҳои таърих зайли муколамаҳои Аҳмади Дониш ва равшанзамирони Бухоро – Савдо, Садри Сарир ва дигарон зоҳир мегардад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё