Зеҳн
Ёдномаи Расул Ҳодизода (ба ифтихори 90-солагӣ)

Китоб ба ҳаёт ва фаъолияти адабию илмии олими барҷастаи тоҷик Расул Ҳодизода бахшида шудааст. Дар он мақолаҳо ва хотираҳои ҳамкорон ва шогирдон гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 315 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

кардаанд. Вагарна боис чист, ки ин мардум (русҳо – В.С.) имрӯз ба ин ободию маъмурӣ расидаанд, асрору рози табиат – осмону замин, баҳру барро кашф кардаанд, чашм бар дили сайёраву ситораҳо дӯхтаанд ва ҳатто мегӯянд диёри ӯ бошад аз омӯхтани забони арабу фиқҳ, мантиқи мурдарангу беманфиат берун намебароянд. На, дар чордевори он шаҳри бузургу таърихӣ, ки олам бо ному шӯҳрати он фахр мекард, равзане кушодан лозим аст, ки дидаҳои бозаковат ва назарҳои бофаросатро ба ин олами маъмура ва ин кашфиёти аъҷуба боз кушояд...»

Р. Ҳодизода, ки худ марди табиатан интернатсионалист мебошад, дар роман ба дӯстию бародарии халқҳои гуногунзабону мухталифи мазҳаб эътибору диққати махсус медиҳад. Вай бо маҳорат ва муҳаббат аули қазоқон, фарзандони бебоки қазоқро, ки корвони бухориҳоро нигаҳбонӣ ва парасторӣ кардаанд, тасвир кардааст. Аз ҷумла, «қазоқҳо мардуми хеле дилкушоди самимиву содиқ ҳастанд...» «ТаАССУБ дар байни онҳо нест». Сару либоси бошқирдиву қазоқӣ дар чашмони муаллифи роман бо рангу ҷилои хоса тобон аст.
«Меҳмонон бухории ҳамватани худро бо телпаки бошқирдиву чакмани қазоқӣ зуд нашинохтанд». Ҳисси рафоқат ва муҳаббати тоторҳо ба тоҷикон рӯҳи интернатсионалии романро хеле пуркувват намудааст:
«Мусо Ботуршин аз тоторони қазоқ буда, забони форсию тоҷикиро хуб медонист». Мирзо Шамс забонҳои бошқирдию тоториро нағз омӯхта, ҳатто ба духтари тотор хонадор шудааст. Қолинҳои туркманӣ дар Бухоро эътибори хосса дорад. Савдогарони арманию озарӣ бо тоҷикони тоҷир муносибати самими доранд.

Дар роман навъе ки ишора шуд ба масъалаи ҳусни
назари русҳо ба маданияти тоҷик эътибори муҳсус дода
шудааст. Ин ҷо ба ҷуз сеҳру афсуни тасвир, нирӯи
ватанхоҳии Р. Ҳодизода эҳсос мешавад. Маъниҳои амиқи

пешина
аз 315
навбатӣ