Зеҳн
Ёдномаи Расул Ҳодизода (ба ифтихори 90-солагӣ)

Китоб ба ҳаёт ва фаъолияти адабию илмии олими барҷастаи тоҷик Расул Ҳодизода бахшида шудааст. Дар он мақолаҳо ва хотираҳои ҳамкорон ва шогирдон гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 315 саҳифа

АдабиётТаърих
Аз аввал хондан

дар коркарди бадеии худ манзури хонандагон менамояд, ба таҳриф роҳ медиҳад. «— Меҳмонони азизи мулки Русия ба дастбӯсии ҳазрати амирам ба даргоҳи олӣ шарафёб шуданд, — гуфт удайчӣ ба забони узбекӣ». Ё худ Эрлих дар ҳузури амир Насрулло «суханҳои Биковскийро аввал ба узбекӣ, баъд ба тоҷикӣ тарҷума кард». Оё чунин таъкидот шарт аст?

Дар поёнтари ҳамон саҳифа масъала дуруст омадааст... «...ба волии кишвари ҷаннатмакони Бухоро умри доим ва салтанати қоим хостгорам — гуфт Эрлих ба форсӣ ва ба забони арабӣ илова (дуо — В.С,) кард».

Ё худ дар ҷои дигар чунин навиштааст: «Аҳмад барои Абдуқодир ҳам ду-се китоби ҳикоятҳои нависандагони нави арабу туркро интихоб карда оварда буд, аммо сар набардошта, зӯр зада мехонад». Кас фаҳмида наметавонад, ки чаро худи Дониш китоби форсӣ-тоҷикӣ мехонаду барои дӯсти тоҷикаш китоби туркиву арабӣ интихоб кардааст?

Дар роман шахсони аз Русия ба Бухоро бо тақдирҳои аҷаб расида ва ё ба таърихи мулку миллати тоҷик муносибат дошта баъзан бо тағйири ном ва замону макон ва дар ҳолати дигар, бе тағйир яъне дар асл арзи вуҷуд кардаанд. Аз ҷумла дар муҳоримаи байни Аҳмади Дониш ва сарвазири Бухоро Мирзо Азиз чунин сатрҳоро мехонем: «— Истед, ғӯбур не... гинирал губернатир Пируфиски... Ин одами наздики подшоҳи урус будааст.

Р. Ҳодизода дар хошияи саҳифа дар бораи ин шахс чунин маълумоте овардааст: «Генерол-губернатори Оренбург граф В. А. Перовский дар солҳои 1851-1856».

Бояд гуфт, ки Перовский на танҳо «одами наздики подшоҳи урус» балки шахси донишманд, соҳибмаълумот буда, бо аҳли илму адаби рус В.А. Жуковский, А.С. Пушкин, В.И. Дал муносибати наздик ва дӯстона дошт. Ашъори Жуковскийро аз дилу ҷон мепарастид,

пешина
аз 315
навбатӣ