Ёдномаи Расул Ҳодизода (ба ифтихори 90-солагӣ)

Китоб ба ҳаёт ва фаъолияти адабию илмии олими барҷастаи тоҷик Расул Ҳодизода бахшида шудааст. Дар он мақолаҳо ва хотираҳои ҳамкорон ва шогирдон гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 315 саҳифа
лозимӣ барқарор намудани муносибатҳои гуногунҷанбаи Бухорову Русия ҳис мешавад.
Мусо Ботуршин ҳайрати аз таҳқиқи ҳуҷҷату мактубҳои сафорат пайдонамудаи Григоревро ҳис намуда мегӯяд:
«- Ба назарам, элчӣ ин корро карда наметавонад.
-
Чаро? Барои он ваколат надорад? – бо ҳайрат пурсид Григорев.
-
Ваколат дошта бошад ҳам қувваи ақлаш ба ин намерасад, ором ҷавоб дод Ботуршин.
-
Набошад, худи мо ба онҳо баъзе масъалаҳоро пешниҳод кунем. – Григорев каме фикр карда истоду аз ҷояш хеста ба Ботуршин нигоҳ кард. – Хуб, ҷаноб, гирем масъалаи мубодилаи сафоратҳо байни мову хонияи Бухороро. Дар давоми сӣ сол амири Бухоро ба Русия қариб панҷ бор элчӣ равона кардааст. Аз мо фақат як бор – соли 1820 Негрӣ ва Мейендорф ба расми сафорат рафта буданд. Ман дар бораи Ботунев намегӯям, чунки вайро худи амир Насрулло барои кашфи конҳои тилло даъват карда буд... Григорев хандида, илова кард: - Баъд ба гумони он ки вай ҷосус аст, намонд, ки аз Бухоро барояд. Дар ёд доред, табиатшиноси мо Леман ва шарқшинос Хаников низ дар он сафар буданд... Хӯш, мо ҳақ дорем, ки масъалаи баробар байни ҳамдигар фиристодани сафоратҳои расмиро ба миён гузорем. Чӣ мегӯед?» (с. 204)
Дар ин гуфтугӯи ходими давлатии Русия ва Ботуршин таърихчаи муносибатҳои дипломатии аморати Бухорову давлати Русия бозгӯ шуда, якҷониба ва сатҳӣ будани нигоҳи маъмурони аморати Бухоро ба як ҷанбаи нозуку ҳассоси давлатдорӣ равшан мегардад.
Симои Ботуршин дар қисматҳои минбаъдаи роман, дар тасвири тараддуди сафари элчӣ аз Оренбург ба Петербург ва ҳангоми ба ин маркази овозадори давлатии Русия расидани фиристодагони амири Бухоро боз

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё