Ёдномаи Расул Ҳодизода (ба ифтихори 90-солагӣ)

Китоб ба ҳаёт ва фаъолияти адабию илмии олими барҷастаи тоҷик Расул Ҳодизода бахшида шудааст. Дар он мақолаҳо ва хотираҳои ҳамкорон ва шогирдон гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 315 саҳифа
равшантар намудор мегардад. Ташаккули образи Аҳмади Дониш низ зимни гуфтугӯяш бо Ботуршин зоҳир мешавад. То расидан ба Петербург Ботуршин ба Аҳмади Дониш дар бораи сохт ва тартиби ҳаракати паровоз ва таърихи сохтмони роҳи оҳани Москва - Петербург ҳикоят мекард. Дар бораи Джеймс Уатт, ки бори аввал барои ҳаракати мошин қувваи бухорро ихтироъ карда буд, дар бораи инженерҳои рус, ки дар сохтани паровоз ва роҳи оҳан хизмат кардаанд, нақл мекард».
Аҳмади Дониш он ҳамаро, ки бо чашмаш дидаву ин ахбори додаи Ботуршинро хаёлан таҳлил мекард аз қайди гуфтаҳои Ботуршин раҳои ёфта, яке нидо баровард:
«- Бале, ин як мӯъҷиза, Ботуршин-оғо, - баъди сукути андешамандона гуфт Аҳмад нигоҳашро аз тамошои майдонҳои васеъ наканда. — Агар инро ба Бухоро рафта ҳикоят карда тавонанд ҳам, ҳеҷ кас бовар намекунад... Ростӣ бовар намекунад. Худи шумо ҳам дар Бухоро истиқомат мекардед боваратон намеомад. — Ва баъд ба Ботуршин нигоҳ карда илова намуд. — Шумо, афсӯс, Бухороро намедонед. Шояд гузаштаи онро аз таърих хондаед, аммо Бухорои имрӯзаро намедонед» (с. 241).
Тамоми муддати дар Петербург будан муносибати хубу самимии Аҳмади Дониш бо Ботуршин идома ёфт. Ҳарчанд ки дар Петербург барои бухориён тарҷумони дигареро маъмур карданд элчӣ ва ҳамроҳонаш асосан ба Ботуршин такя мекарданд, матлабашонро ба воситаи ӯ баён намуда ва аз ӯ ҷавоб мегирифтанд. Ботуршин дар Петербург кӯшиш менамуд, ки ба бухориён ҷойҳои таърихӣ, заводу мануфактураҳо, иморату биноҳои хушсохт ва муҷассамаҳоро зиёдтар нишон диҳад. Ӯ дар Петербург низ Аҳмади Донишро чун шахси донишманд ба маъмурони давлат шинос намуда, бо назардошти шавку ҳаваси хосаи Аҳмади Дониш ба тараққиёти илмию маданӣ ва тартиби аврупоии ҳаёт ба Коволевский

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё