Самаки айёр

Дар ин китоб намунаҳои беҳтарини насри бадеии классикӣ ва осори ривоятии форсу тоҷик гирд оварда шудаанд. Маҷмӯа ба хонандагон имкон медиҳад, ки бо осори гаронбаҳои адабиёти пешин ошно гарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 290 саҳифа
Духтар меҳри Хуршедшоҳ дар дил гирифта буд, чун Самакро бидид, хуррам шуд, ки дӯсти дӯст буд.
Гуфт:
— Эй Самак, чӣ гуна дар банд афтодӣ? Аҳволи Хуршедшоҳ чист?
Самаки айёр гуфт:
— Эй малика, бетоқатам аз гармои хонаву захми чӯб, то соате биёсоям ва боде бар ман ҷаҳад ва сухан битавонам гуфт.
Духтари шоҳ дасти Самак гирифт ва гуфт:
— Эй бародар, ба боғ равем.
Ин бигуфт ва ба боғ омад. Бо ходими Рӯҳафзои мутриб ва ба ҷойгоҳи хеш бинишаст ва гуфт:
— Эй Самак, аҳволи худ бигӯй, то чун гузашт ва Хуршедшоҳ куҷост.
Самак забон баркушод ва аз аввали кори эшон, аз гирифтану макру ҳилат ва афкандани худ дар миёни куштагон ва расидан ба Маҳрӯя, бирав, то он соат, ки то ба хидмати шоҳ расид,— ҳамаи аҳвол бозгуфт.
Духтари шоҳ аз он аҳвол бозмонд. Аҷаб дошт, гуфт:
— Акнун аз Хуршедшоҳ чӣ хабар дорӣ?
Эшон дар ин гуфтугӯ буданд, ки Маҳрӯя бисурфид аз паси дарахт.
Лоҷомуфт гуфт:
— Кист?
Самак гуфт:
— Ҳеҷ бегона ин ҷойгаҳ наёрад омадан.
Гуфт:
— Ошкор шав!
Маҳрӯя хидмат кард. Самак чун Маҳрӯяро дид, хуррам шуд. Бархост ва ӯро дар канор гирифт.
Гуфт:
— Эй Маҳрӯя, биншину аҳволро шарҳ гӯй. Маҳрӯя бинишаст ва аҳвол шарҳ дод чунон ки карда буданд.
Самак гуфт:
— Эй бародар, туро ба талаби Хуршедшоҳ бояд рафтан, ки ман хастааму кӯфтаам. Зуд бояд, ки бозгардӣ.
Маҳрӯя аз боғ берун омад ва рӯй ба роҳ ниҳод, то бад-он мақом расид, ки масофҷоӣ буд. Бар сари кӯча бар мисоли кӯҳе оташ афканда буданд ва аз одамӣ касе набуд.
Ба ҳар ҷой баргашт; ҷое, ки гумон бурд, талаб кард.
Касро надид ва рӯз наздик буд. Бозгашт ва ба боғ омад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё