Зеҳн
Самаки айёр

Дар ин китоб намунаҳои беҳтарини насри бадеии классикӣ ва осори ривоятии форсу тоҷик гирд оварда шудаанд. Маҷмӯа ба хонандагон имкон медиҳад, ки бо осори гаронбаҳои адабиёти пешин ошно гарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 290 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Самакро дид хуфта ва ҳафт андом ба мумравган андуда 1, чунон ки гӯё ҳаргиз чӯб нахӯрда буд. Хуррам шуд ва гуфт:
— Эй паҳлавон Самак, рафтам ва ҳар ҷо, ки гумон бурдам на ошноеву дӯсте буд, талаб кардаму наёфтам.
Самак гуфт:
— Ту пеши он ҷавонмардон бозгард ва эшонро фориғ кун, ки ман дар хизмати духтари шоҳам ба зудӣ тартиб со- зам ва эшонро аз банд берун оварам.
Маҳрӯя гуфт:
— Эй паҳлавон, моро мокуле 2 ба кор бояд.
Маҳпарӣ лоло Солеҳро гуфт:
— Бирав ва ҳар чӣ дар матбах 3 аст, баргиру биёвар.
Лоло бирафт ва биёвард.
Гуфт:
— Ин шумо ба кор мебаред, ки духтари шоҳ дигар тартиб кунад. Имшаб биёр он чӣ бошад, то мо низ ба та- лаби Хуршедшоҳ равем.
Маҳрӯя он нону гӯшт ва ҳалво баргирифт ва бар он кӯча пеши айён бурд ва Самак ба духтари шоҳ гуфт:
— Тартиби таоми эшон кун, ки ман ба талаби Хур- шедшоҳ меравам. Бояд, ки имшаб дар боғ бешӣ, то ман биёям.
Ин бигуфт ва бирафт. Духтари шоҳ ба сарой омад ва тартиби кор мекард.
Чун рӯз равшан шуд, шоҳ Фағфур ба тахт баромад ва умарои давлат ба хизмат омаданд. Меҳрони вазир биёмад ва хизмат кард ва ба ҷои худ биншаст. Ва ҳар сухане ме- гуфтанд ва дар тартиби лашкари Мочин буданд. Гуфтанд, то расул биравад, он гоҳ ҳисоб мекунем.
Меҳрони вазир гуфт:
— Эй шоҳ, пеш аз он, ки мо тартиби ҷанг кунем, ин саги ҳаромзодаро ҳалок бояд кардан, ки агар Самак би- монад, мулки мо барбод ояд ва талабгори Хуршедшоҳу Фаррухрӯз ва Шағоли Пилзӯр мебояд буданд, то эшонро ба даст оварему эмин гардем ва ба кори ҷанг машғул шавем.
Шоҳ Фағфур гуфт:
— Нек буд, ки маро ёд овардӣ, ки дар даме, ки ӯро мезадем, сухане гуфтааст. То бидонам, ин сухан аз куҷо гуфтааст, ки ӯ ҳаргиз дурӯғ нагӯяд.

1 Андудан — молидан, андова кардан.
2 Мокул — хӯрдани.
3 Матбах — ошхона.

пешина
аз 290
навбатӣ