Зеҳн
Самаки айёр

Дар ин китоб намунаҳои беҳтарини насри бадеии классикӣ ва осори ривоятии форсу тоҷик гирд оварда шудаанд. Маҷмӯа ба хонандагон имкон медиҳад, ки бо осори гаронбаҳои адабиёти пешин ошно гарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 290 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

бо якдигар мегуфтанд. Ҷумҳур он чӣ бар сари вай гузашта буд, аз ғами эшон мегуфт, Хуршедшоҳ низ он чӣ бар вай гузашта буд аз ранҷу ғусса, бозмегуфт, то бар он соат, ки вайро дид.

Хуршедшоҳ гуфт:
— Эй Ҷумҳур, аҳволи ман донистӣ ва мебинӣ, бояд, ки пеши падарам равӣ — Марзбоншоҳ ва аҳволи ман бигӯиву номаи ман пеши падарам барӣ.

Ҷумҳур гуфт:
— Фармонбардорам.

Хуршедшоҳ давот ва қаламу коғаз хост. Зайд биёвард. Хуршедшоҳ ҳар чӣ сӯзи дил дошт, то аз пеши падар омада буд ва он чӣ дар роҳ аз Алъёну Алъёр дида буд ва он чӣ дар шаҳри Чин бо Фаррухрӯз карда буд, то бар он соат, ки ба Ҷумҳур расида буд, дар он нома шарҳ дод ва дигар гуфт: «Аз паҳлавони Ҷумҳур боздон, ки беш аз ин шарҳ наметавонам дод».

— Агар аҳволи ман он падар бидонад, ба ҳақиқат бетоқат шавад, ки ҷумлаи кори мани банда бар он ҷой расидааст, ки ману бародарам Фаррухрӯз беш аз ҷомае, ки дар тан дорем, ҳеҷ дигар надорем. Агар хоҳад, ки дидори мани банда бозбинад, лашкаре гарон бифиристад, то магар пеш аз марг рӯи он падари бузургвор бозбинам ва бар ин кор зуд бояд, ки бирасад ва бар волидаи ман салом бихонаду бигӯяд, то моро ба дуоҳо мададе диҳад ва ҳамшираам Қамармулкро аз ман бозпурсад ва Ҳомони вазир ва ҷумлаи умарои давлату паҳлавонон ва дӯстонро салом бирасонад. Оллоҳ, оллоҳ, бояд, ки дар фиристодани лашкар тақсир накунад. Вассалом.

Нома мӯҳр барниҳоду бар Ҷумҳур дод ва ӯро гусел кард ва бар чашму рӯи ӯ бӯса дод ва якдигарро видоъ карданд ва Ҷумҳур ба корвонсарой бозомаду бо он ду-се тани дигар, ки монда буданд, он ҷо монда буд, гирифтанд ва рӯй ба Ҳалаб оварданду бирафтанд.

Пас, чун Ҷумҳур аз пеши Хуршедшоҳ берун рафт, аз он ҷониб Шағоли Пилзӯр рӯй ба Зайд кард.

Гуфт:
— Эй бародар, моро силеҳ мебояд дошт, ки бо ин лашкар имшаб берун равем, ки моро дар ин шаҳр рӯи будан нест.

Зайд гуфт:
— Фармонбардорам, ҳар чӣ морост — фидои шумост.

пешина
аз 290
навбатӣ