Зеҳн
Самаки айёр

Дар ин китоб намунаҳои беҳтарини насри бадеии классикӣ ва осори ривоятии форсу тоҷик гирд оварда шудаанд. Маҷмӯа ба хонандагон имкон медиҳад, ки бо осори гаронбаҳои адабиёти пешин ошно гарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 290 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Бархост ва се даст силеҳ ва се сар аспи некӯ тартиб кард бо бадрае ҳазор динор ва пеши эшон овард ва биниҳод.

Ҳар се силеҳ дарпӯшиданд, чунон ки кас эшонро нашинохт ва аз сарои Зайд берун омаданду бар он аспон савор гаштанд ва худро дар миёни лашкар андохтанд ва аз шаҳр берун рафтанд.

Мо омадем ба ҳадиси боғу духтари шоҳ ва Самаку он ҷавонмардон, ки чӣ расид. Чунин нақл мекунад муаллифи ахбор ва ровии қисса, ки чун рӯз равшан шуд, Самак ҳар ҷо, ки гумон бурд, баргашт ва Хуршедшоҳу Фаррухрӯз ва Шағолро надида буд, рӯй ба боғ ниҳод. Чун ба боғ омад, духтари шоҳ дар боғ буд бо Рӯҳафзои мутриб ва лоло Солеҳ дар интизори Самак, ки ваъда карда буд, то он ваъда ба сар бурд.

Чун Самак пеши эшон расид, хизмат кард, гуфт:

— Эй малика, дар ҳамаи шаҳр — ҳар ҷо, ки гумон бурдам, ба талаби Хуршедшоҳ бо дигарон будам, надидам.

Духтари шоҳро ғами Хуршедшоҳ буд, дилтанг шуд. Гуфт:

— Эй бародар, куҷо рафта бошад?

Эшон дар гуфтор, ки Маҳрӯяи наббош биёмад ва гуфт:

— Эй малика, нони тамом тартиб кун, ки чаҳорсад марданд.

Духтари шоҳ чаҳорсад ман нон тартиб кард ва чаҳордаҳ гӯсфанд бирьён карда ва миқдори сад ман ҳалво. Лоло Солеҳро бифармуд, то ҷумла ба боғ оварданд ва Маҳрӯя баргирифт бо чанд каси дигар ва бад-он хона бурд.

Маҳпарӣ гуфт:

— Эй Маҳрӯя, ҳар шаб бар ин қоида тартиб медиҳам, ту пеши эшон мебар, то вақти берун омадани эшон бошад.

Самак дар пеши духтари шоҳ нишаста ҳар сухане мегуфтанд, ногоҳ Самак бархост ва гуфт:

— Эй малика, маро ҷойгоҳе ёд омад, ки бад-он ҷо рафтаанд. Ин бигуфту аз боғ берун омад ва рӯй ба роҳ ниҳод, то ба сарои Зайд расид.

Гуфт:

— Эй падар, зуд бошу дар бикшо.

Зайд даромад ва дар бикшод. Нигоҳ кард, Самакро дид. Хуррам шуд ва ӯро дар канор гирифт ва бипурсид, гуфт:

— Эй паҳлавон, чун будӣ, ки аҳволи ту Шағол мегуфт? Сахт дилтанг шудам, шукри яздон, ки ту ба саломатӣ.

пешина
аз 290
навбатӣ