Самаки айёр

Дар ин китоб намунаҳои беҳтарини насри бадеии классикӣ ва осори ривоятии форсу тоҷик гирд оварда шудаанд. Маҷмӯа ба хонандагон имкон медиҳад, ки бо осори гаронбаҳои адабиёти пешин ошно гарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 290 саҳифа
он кӯчаи сангинанду дар он кӯча як роҳ аст ва эшон берун наметавонанд омадан, ки оташ бар сари кӯча кардаанд. Метарсам, ки эшон ба берун оянду маро аз он қавм ранҷе ояд. Бифармой, то он кӯчаро сар ба гаҷу санг бароваранд. Ҳамин як роҳ дорад». Ва агар падарат гӯяд, ки «оташ фурӯ нишинад ва лашкар фиристам, то эшонро ҳалок кунанд». Ту бигӯй, «на як рӯз лашкар бар сари кӯча ба ҷанги эшон рафтанд. Аз лашкари мо бисёр ба марг омаданд, ҳеҷ фоида набуд, мехоҳам, ки ба гаҷу санг баросари, то ба укубати ташнагиву гуруснагӣ бимиранд. Албатта, ҳамин соат бифармой, то сари кӯчаро ба сангу гаҷ бароваранд».
Духтари шоҳ гуфт:
— Раво бошад.
Самак духтари шоҳро видоъ карду бирафт. Духтар аз боғ ба сарой омад ва худро бияфканду нола оғоз кард ва лоло Солеҳро пеши худ хонду ба наздики падар фиристод ва гуфт:
— Бигӯй, ки Маҳпарӣ ранҷур аст.
Шоҳ дарҳол ба болини Маҳпарӣ омад, ӯро ба бистар хуфта дид ва болиши макр дар зери сар ниҳодаву Фарфур аз он бехабар. Дар болини духтар биншасту дасти шафқати падарӣ бар сари вай ниҳод ва гуфт:
— Ҷони падар, туро чӣ будааст?
Духтар бо овози нарм сухани дилфириб оғоз карду гуфт:
— Эй падар, саҳмеву сиёсате аз ин айёрон ба дил мерасад. Метарсам. Набояд, ки ногоҳ рӯзе аз ин кӯчаи Сангин берун оянду маро садоъ 1 намоянд. Ва аз эшон садоъе ба ман расад. Мехоҳам, ки падар бифармояд сари кӯча сангу гаҷ бароваранд, то ба гуруснагиву ташнагӣ бимиранд.
Шоҳ Фарфур гуфт:
— Эй духтар, саҳл аст. Чун оташ аз сари кӯча фурӯ нишинад, лашкар фиристам ва ҳамаро қаҳр кунам.
Гуфт:
— Нахоҳам, эй падар, ки рӯзгор биравад, мехоҳам, ки ба укубат эшонро ҳалок кунам.
Фарфур гуфт:
— Чунин кунам, то рӯз равшан шавад.
Пас, аз пеши духтар берун шуд. Мебуд, то рӯз равшан шуд. Фарфуршоҳ бар тахт баромад. Дарҳол бифармуд, то
1 Садоъ — дарди сар.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё