Зеҳн
Самаки айёр

Дар ин китоб намунаҳои беҳтарини насри бадеии классикӣ ва осори ривоятии форсу тоҷик гирд оварда шудаанд. Маҷмӯа ба хонандагон имкон медиҳад, ки бо осори гаронбаҳои адабиёти пешин ошно гарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 290 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Самак офарин кард ва гуфт:
— Эй Зайд, Шағоли Пилзӯру Хуршедшоҳ ва Фаррухрӯз инҷоанд?

Гуфт:
— Эй паҳлавон, дӯш ин ҷойгаҳ буданд, то ба рӯз ва бирафтанд. Ҳар се ин ҷойгаҳ буданд ва се даст силеҳу се асп бихостанд ва соз додам ва бо лашкар берун рафтанд. Дил фориғ дор, ки басаломатанд. Бо лашкар бирафтанд.

Самак бозгашт ва бо духтар бигуфт. Духтар аз ишқи Хуршедшоҳ саросема буд. Чун бӯи фироқ ба димоғи вай расид — мадҳуш гашт ва гуфт:
— Эй бародар, чора кун ва маро ба Хуршедшоҳ расон. Донам, ки хоҳӣ рафтан.

Самаки айёр гуфт:
— Эй малика, эшонро ҷойгоҳ надонам ва дигар бидонам, ки аз кадом ҷониб рафтаанд, ки бо лашкари падарат берун рафтаанд. Туро ин ҷо мебояд будан, то ман биравам ва аҳволи эшон бидонам, ки ба чӣ расид. Ва он гоҳ туро бибарам вагарна, ману ту ҳар ду саргардон шавем ва худ маслиҳат нест. Ту ба саломат ин ҷойгаҳ бош, ки маро худ ғами эшон бар ҷон аст. Ғами ту боре набояд хӯрдан талаби эшон тавонам кардан ва дигар чун ман туро бибарам падар ночор туро талаб кунад. Ту ин ҷойгаҳ тартиби он ҷамоат месоз. Ман биравам ва эшонро бубинам ва кор бисозам ва он гоҳ, чунон ки тавонам, туро аз ин ҷойгаҳ бибарам.

Самак бо духтари шоҳ ин сухан мегуфт, ки Махрӯя нону гӯшт ва ҳалво мебурд.

Махрӯя гуфт:
— Эй паҳлавон, мо дар он кӯча чанд бошему чӣ гуна бинишинем, ки чун оташ фурӯ нишинад, талаби кори мо бошад ва моро ранҷҳо расад?

Самак гуфт:
— Ҳеҷ андеша мадор, ки ман тартиб кунам ва шуморо аз ин ҷойгаҳ берун барам ва дасти лашкар аз шумо кӯтоҳ кунам.

ПАС, рӯй ба духтари шоҳ оварду гуфт:
— Эй малика, туро коре бибояд кардан, то ман фориғдил бошам. Яке он, ки тартиби он озодмардон нигоҳ медорӣ ва барги эшон рост медорӣ ва дигар, ки хештанро ранҷур созӣ, то лоло шоҳро огоҳ кунад ва пеши ту ояд. Бигӯй, ки «Эй падар, маро аз ин айёрон ҳаросе дар дил меояд, ҳар лаҳза меҳаросам, чунон шунидам, ки эшон дар

пешина
аз 290
навбатӣ