Самаки айёр

Дар ин китоб намунаҳои беҳтарини насри бадеии классикӣ ва осори ривоятии форсу тоҷик гирд оварда шудаанд. Маҷмӯа ба хонандагон имкон медиҳад, ки бо осори гаронбаҳои адабиёти пешин ошно гарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 290 саҳифа
Самак гуфт:
— Бо ман биёед, ки ман пиндоштам, ки шуморо ақл беш аз ин аст.
Дар пеш истоду мерафт, ки ҳама ҷой дида буд. Ба чашмае расид, ки онро чашмаи Морон хонанд. Марғзоре хушу хуррам аз роҳ бар як ҷониб. Гуфт:
— Ин ҷойгоҳ мебошед, ки ҳеҷ касро бар ин ҷойгоҳ гузар нест. То бингарам, ки аҳвол чӣ гуна аст.
Шагол гуфт:
— Эй паҳлавон Самак, ҳеҷ донӣ, ки аҳволи он ҷавонмардон дар он кӯчаи Сангин ба чӣ расидааст ва аз дасти Меҳрони вазири ҳаромзода чун ҷастӣ?
Самак забон баркушод ва чунон ки рафта буд, шарҳ доду аҳволи он ҷавонмардон, ки дар он кӯчаи Сангин буданд, чунон ки аз Маҳрӯяи наббош шунида буд ва он чӣ худ сохта буд, дар пеши эшон ҳама бозгуфт. Пас, ҳар се бар вай офарин карданд.
Чун замоне буд, Шағоли Пилзӯр гуфт:
— Эй фарзанд, мо ин ҷойгоҳ хоҳем будан, аз чизе хӯрдан ногузир бошад. Агарчи ту айб мекунӣ ва мегӯӣ, «ғами рӯзӣ набояд хӯрдан», аммо одамиро аз қут чора набошад.
Самак гуфт:
— Нек ёд дорӣ, дар кӯчаи Сангин гуфта будам.
Пас, он зар дар пеши Самак бинҳод. Самак муште зар аз он баргирифт ва рӯй ба лашкаргоҳ ниҳод. Ба ҳар ҷониб нигоҳ мекард. Аз қазо чанд харвор бор дид, ки ба ҷониби лашкаргоҳ мебурд. Самак пеши эшон омад, бипурсиду гуфт:
— Ин чист?
Гуфтанд:
— Орд асту асал аст ва равғану гӯшт.
Самак хуррам шуду кори вай рост баромад.
Самак гуфт:
— Эй бародарону эй озодмардон, фурӯхтанӣ ҳаст, то бихарам?
Харбандагон 1 гуфтанд:
— Бале, ба фурӯхтанӣ мебарем.
Самак даҳ харвор бор аз ҳар ҷинс бо эшон байъат карду ба муроди эшон бихарид ва гуфт:
— Ман марди бозори лашкариам ва аз баҳри он меҳарам, ки нафақоте ба ҳосил оварам. Шумо чунон ки хоҳед, зар бистонед.
1 Харбанда — хар киродиҳанда ё соҳиби хар.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё