Самаки айёр

Дар ин китоб намунаҳои беҳтарини насри бадеии классикӣ ва осори ривоятии форсу тоҷик гирд оварда шудаанд. Маҷмӯа ба хонандагон имкон медиҳад, ки бо осори гаронбаҳои адабиёти пешин ошно гарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 290 саҳифа
Харбандагон даҳ харвор бор аз ҳар ҷинс ба вай фурӯхтанд ва зар бистаданд. Самак бифармуд, то он борҳо бо вай биёваранд. Даҳ харвор бор дар пеш карду меомад ва рӯй ба Хуршедшоҳ ниҳода буд, ба наздики эшон расид. Шағоли Пилзӯр нигоҳ карду гуфт:
— Эй шоҳзодагон, кадхудой хона нигоҳ кун, ки чӣ гуна ҳавоҷ 1 дар хона меоварад. Чанд харвори бор дар пеш кардасту меоварад.
Хуршедшоҳ бар вай офарин кард. Аммо чун Шағол омад, харбандагон гуфтанд:
— Чувол тиҳӣ кун.
Самак гуфт:
— Эй озодмардон, баҳои чувол аз мо биситонед, мо ҳанӯз кор насохтаему хизматгорони мо нарасидаанд.
Харбандагон ба ноком баҳои чувол биситаданду бозгаштанд.
Шағоли Пилзӯр гуфт:
— Эй паҳлавон, ин ҳама бор куҷо хоҳем бурдан, на дар ин ҷо ватан сохтем?
Самаки айёр гуфт:
— Аз вақт ин ҷойгоҳ мебояд будан, то бингарем, ки аҳвол чӣ гуна шавад. Аз нону таом чора нест. Ҳама асбоб доред. Ин ҷойгоҳ мебошед, то ман гирди лашкаргоҳ бароям ва аҳвол боздонам.
Эшонро он ҷойгоҳ раҳо карду бирафт ва гирди лашкаргоҳ бармегашту нигоҳ мекард. Аз ҳар ҷониб гӯш ниҳода буд, то чӣ шунавад ва чӣ бояд сохтан.
Аммо аз он ҷониб чун Самури паҳлавон аз пеши Қизилмалик бозгашту ба лашкаргоҳ бозомад ва аҳволи рафта бо Шерӯяву Сиёҳгилу Кармун бозгуфт. Ҳамагон гуфтанд:
— Моро нома бояд навиштан ва ин аҳвол маълуми шоҳ кардан, то чӣ фармояд.
Пас, ҳамагон он чӣ аз Самур шуниданд ва аз мақсуди Қизилмалик дар нома шарҳ доданд, то чӣ фармояд. Пас, нома мӯҳр барниҳоданд. Гуфтанд:
— Яке бояд, ки ин нома бибарад ва ба шоҳ Фағфур диҳад ва ҷавоби нома бозоварад.
Пас, ҷаммозае 2 бо як савори нек ба роҳ карданд ва чунон ронд, ки бод вайро дарнаёфт. То ба шаҳри Чин расид ва яксар мерафт, то ба боргоҳи шоҳ расид. Нома бӯса
1 Ҳавоҷ — ҳоҷатҳо, чизҳои ҳоҷатӣ.
2 Ҷаммоза — уштури тезрафтор,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё