Зеҳн
Самаки айёр

Дар ин китоб намунаҳои беҳтарини насри бадеии классикӣ ва осори ривоятии форсу тоҷик гирд оварда шудаанд. Маҷмӯа ба хонандагон имкон медиҳад, ки бо осори гаронбаҳои адабиёти пешин ошно гарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 290 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

шуҷоату чолокии беназири қаҳрамонон, ғайричашмдошт ва ногаҳонӣ тағйир ёфтану ҳал гаштани ҳодисаҳо хонандаро ба шӯр оварда ба фаҳмидани давоми воқеаҳо ҳарис мекунад.

Вусъати майдони воқеаҳо дар роман хеле бузург аст: воқеаҳои асар дар Чин, Ҳалаб, Мочин ва дигар мамлакатҳои шарқзамин ҷараён меёбанд. Аммо на дар хислат ва забони қаҳрамонон, на дар тасвири табиату муҳити ҷуғрофӣ ва на дар мазмуни асар осоре аз он мамлакатҳо мушоҳида намешавад. Баръакс, тамоми хусусиятҳои роман равшан менамояд, ки он ҳама ҳодисаҳо дар Хуросон ва умуман мамлакати форсҳою тоҷикон сурат гирифтааст ва ё қиссахон китобро аз ҳастии ҳамин сарзаминҳо мураттаб сохтааст. Ҷой иваз кардани ҳудуди географӣ, яъне воқеаҳои асарро дар шаҳрҳои афсонавӣ ва ё маълуми мамлакатҳои дигар ҷараён додан аз хусусиятҳои барҷастаи асари ривоятӣ ва умуман достонҳои қаҳрамонии ҷаҳон аст. Ин тарзи тасвир имконият медиҳад, ки гӯянда доираи амалиёт ва корномаи қаҳрамонон худро васеъ намояд.

Як тафовути бисёр муҳими «Самаки айёр» аз китобҳои дигари насри ривоятии форсу тоҷик ва ҳатто адабиёти халқҳои хориҷӣ ин аст, ки ин асар аз тасвири сеҳру ҷоду ва дахолати қувваҳои ғайритабиӣ ва илоҳӣ озод аст. Ровии «Самаки айёр» ба ҷои қувваи ғайритабиӣ, чолокиву маҳорат ва корномаи қаҳрамонон реалӣ, ба ҷои сеҳру ҷоду ва соҳиру ҷодугарон дасисаву маккориҳои аҳли дарбори мамлакати Чин ва зулму зиёнкориҳои Ҳомони вазирро тасвир намудааст. Ин услуби қиссапардоз воқеияти асарро хеле афзудааст.

Китоби «Самаки айёр» аз ҷиҳати забон низ ҷолиби диққат аст. Забони ин асар соддаю ҳамафаҳм буда, дар айни замон нафису ҷозибанок ва аз ҷиҳати луғат хеле бой аст. Дар ин хусус беҳтар аст мулоҳизоти ношири китоб олими муҳтарам Нотили Хонларӣ оварда шавад: «Нахуст аз ҷиҳати иборат ва луғат ва истилоҳот, ганчинаи гаронбаҳост вагар аз китобҳои тафсиру таърих бигузарем, муфассалтарин ва бузургтарин матнест ки, аз қарнҳои шашум ва ҳафтум (асрҳои XII—XIII милодӣ — Ю. С.) дар даст мондааст. Арзиши ин китоб шояд аз ин ҷиҳат бештар бошад, ки иншои адибона нест ва забони маъмулу роиҷи замонро беҳтар аз навиштаҳои маснуъ ва мутакаллифу муншиёна нишон медиҳад. Матни китоб шомили луғати фаровонест, ки ё дар китобҳои дигари ин замон дида намешавад ё дар ин ҷо дар маънии истилоҳии хос омадааст».

Дар ҳақиқат ин асар ганчинаи бузурги забони зиндаи гуфтугӯии асрҳои XII—XIII буда, нафосату зарофат, тарию тозагӣ ва рангу нақши забони халқро нигоҳ доштааст. Гирдоварандаи китоб табъи баланде дошта, ибораҳои рехтаи халқро фаровон истифода бурдааст. Бояд гуфт, ки истеъмоли ибораҳои образноки халқӣ на як ҳолати тасодуфӣ, балки вазифаи муҳими услубиро адо кардааст.

пешина
аз 290
навбатӣ