Зеҳн
Самаки айёр

Дар ин китоб намунаҳои беҳтарини насри бадеии классикӣ ва осори ривоятии форсу тоҷик гирд оварда шудаанд. Маҷмӯа ба хонандагон имкон медиҳад, ки бо осори гаронбаҳои адабиёти пешин ошно гарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 290 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

чӣ бигӯӣ, бикунӣ, дуввум он, ки ростӣ дар қавлу феъл нигоҳ дорӣ, севвум он, ки шикебро кор бандӣ... ҷавонмардтарин аз ҳама мардумон он бувад, ки ӯ бо чанд гуна ҳунар бувад: яке он ки далеру мардона бувад ..., содиқулваъда бошад ва покдил бувад ва зиёни кас ба суди худ нахоҳад, аммо зиёни худ баҳри нафъи дӯстон раво дорад ва за- бунгир набошад ва бар асирон даст дароз накунад ва бечорагонро ёрӣ кунад ва бадро аз мазлумон дафъ кунад ва ҳамчунон ки рост гӯяд, рост шунавад ва инсоф аз худ бардиҳад ва бар он суфра, ки нону намак хӯрда бошад, бадӣ накунад ва некиро бадӣ мукофот на- кунад ва аз риё нанг дорад».

Аммо ин хислатҳо танҳо ба ҷамъияти ҷавонмардони то давраи ҳуҷуми муғулҳои Чингизӣ нисбат доранд. Аз нимаҳои асри XIII сар карда, бо хароб гаштани шаҳрҳо созмонҳои ҳунармандон низ паро- канда мешаванд. Ташкилотҳои тозаи ҳунармандон ки аз охирҳои асри XIII дар харобаҳои созмонҳои ҷавонмардон ба вуҷуд омада буданд, комилан хусусияти тасаввуфӣ касб намуданд. Рисолаи манзуми идео- логи аҳли футувваи Осиёи Сағир Носириддин «Футувватнома», ки дар охири асри XIII таълиф шудааст, тафовути ташкилотҳои ҳунар- мандони пеш аз истилои муғул ва давраи муғулро равшан баён ме- намояд.

Ҷолиби диққат аст, ки як шохаи ҷавонмардон то асрҳои XIX истиқлолияти худро нигоҳ дошта, дар давраҳои гуногун бо номҳои ятимону олуфтагон ва лавандон баромад кардаанд. Ҳарчанд ки таъ- рихи таҳаввули ин ҷамоат ҳанӯз омӯхта нашудааст, аз осори Зай- ниддини Восифӣ, Аҳмади Дониш ва устод Айнӣ бармеояд, ки даста- ҳои мазкур аз ҷиҳати ахлоқ ва фаъолият хеле рангоранг будаанд.

Чунон ки олими эронӣ Бадеъуззамони Фурӯзонфар зикр кардааст, тасвири ҷамъияти (ҷавонмардон) ва айёрон дар адабиёти пеш аз ислом дучор намеояд ва ҳодисаи баъди исломист. Сайри таърихӣ, мавқеи ҷамъиятӣ ва роли иҷтимоии он ҷамъият ҳанӯз тадқиқ нашудааст. Ва ҳол он ки ин табақаи ҷамъияти феодалӣ дар ҳаракатҳои зиддихилофот, ки моҳияти зиддифеодалӣ доштанд, на танҳо фаъолона иштирок кардаанд, балки аксаран роли ташкилотчигиро бозидаанд. Дар тадқиқи таърихи ҷамоати ҷавонмардон ва таҳаввули он китоби «Самаки айёр» як сарчашмаи мӯътамаде хоҳад буд.

Ҳар он чизе ки гуфта шуд, оид ба аҳамияти таърихӣ ва иҷтимоии асар буд, аммо ин китоб пеш аз ҳама як намунаи барҷастаи насри бадеӣ мебошад. Романи «Самаки айёр» як асари комили адабиёти нафиса буда, дорои як сюжети мураккаб, композитсияи нисбатан мустаҳкам, силсилаи қаҳрамонон мусбату манфӣ, конфликт, ривоҷи воқеаҳо ва тасвири манзараҳои дилфиреби табиӣ мебошад. Занҷираи сюжети асар торафт печ хӯрда диққати хонандаро муттасил ба худ ҷалб менамояд. Ҳаракатҳои ҳайратовар, гирумони басо мафтункунанда,

пешина
аз 290
навбатӣ