Зеҳн
Самаки айёр

Дар ин китоб намунаҳои беҳтарини насри бадеии классикӣ ва осори ривоятии форсу тоҷик гирд оварда шудаанд. Маҷмӯа ба хонандагон имкон медиҳад, ки бо осори гаронбаҳои адабиёти пешин ошно гарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 290 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

бар эшон зад ва ҳар се аз хоб биҷастанду қасд карданд, ки силоҳ баргиранд, набуд. Фурӯ монданд. Чун бинигаристанд, Самак буд.

Самак пеши Хуршедшоҳу Шағол омад, гуфт:

— Эй паҳлавон Шағол, ман донам, ки эшон ҷавонанду подшоҳзодаанд ва хоб дӯст доранд. Ту намедонӣ, ки намебояд хуфтан, хосса дар чунин ҷойгоҳе. Пас, гуфт: «Эй шоҳзода, дарёб кори хешро, ки ман кори худ кардам ва танҳо басар наметавонам бурдан».

Пас, забон баркушоду аҳволҳо шарҳ дод, пас гуфт:

— Эй шоҳзода, дарёб, ки духтар дар сандуқе нишондаанд бо лашкари Фағфур пеши Қизилмалик мебаранд. Ва ёрони мо ҳеҷ кор нахоҳанд кардан ва наздик расид, ки духтар аз дасти мо бибаранд. Чаҳд кардам ва мебояд кардан, ки духтар нагузорем, ки бибаранд.

Хуршедшоҳ чун бишнид, ба пой баромаду пой ба асп даровард ва Фаррухрӯз ва Шағоли Пилзӯр савор гаштанд. Самак дар пеш истода давон шуд пиёда. Чунон ронд, ки чун рӯз равшан шуд, бар миқдори ҳафт фарсанг рафта буданд. Болое буд. Бар он боло баршуданду нигоҳ карданд. Аз дур лашкар диданд, ки меомаданд ва сандуқи Маҳпарӣ дар миён гирифтаву панҷоҳ харвор хазона дар бор карда.

Хуршедшоҳу Фаррухрӯз ва Шағоли Пилзӯр ҳар се пиёда гаштанду зертанги асп устувор карданд ва пой дар аспон дароварданду наъра заданд.

Гуфт:

— Эй фурӯмоягон, кӣ шумоед бо Фағфур, ки шоҳи шумост ва шуморо бар ин кор доштааст, чӣ заҳра доред, ки Хуршедшоҳ зинда бошад, касе дар Маҳпарӣ нигоҳ кунад. Ҳар кӣ моро донеду надонед, манам Хуршедшоҳ бинни Марзбоншоҳ.

Ин бигуфту дасти теғ бар эшон кушуд ва Фаррухрӯз аз ҷонибе дигару Шағоли Пилзӯр аз ҷонибе дигар наъра кашиданд. Самаки айёр, болое буд, дар он боло рафт ва биистоду назора мекард. Эшон се тан чун се гурги гурусна дар эшон афтоданд, то ҳар се ба як лаҳза дувист мард аз эшон бияфканданд.

Санҷари паҳлавон чун дид, ки кор аз дигаргуна хоҳад шуд, аз хидматгорон якеро гуфт:

— Бирав ба лашкаргоҳ, Шерӯяву Кармуни паҳлавонро бигӯй, духтари шоҳ овардем бо панҷоҳ харвор хазона, дар фалон ҷойгоҳ Хуршедшоҳ ба мо расид ва бештар лашкари

пешина
аз 290
навбатӣ