Самаки айёр

Дар ин китоб намунаҳои беҳтарини насри бадеии классикӣ ва осори ривоятии форсу тоҷик гирд оварда шудаанд. Маҷмӯа ба хонандагон имкон медиҳад, ки бо осори гаронбаҳои адабиёти пешин ошно гарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 290 саҳифа
мо ҳалок карда, бояд ки моро мададе фиристед, ки бими он аст, ки духтари шоҳу хазона аз мо биситонанд. Ин бигуфту ӯро ба роҳ кард ва бирафт.
Самак аз он боло бидид, ки ба куҷо меравад. Аз он боло ба зер давиду пеши он савор бозомад.
Гуфт:
— Эй мард, куҷо меравӣ? Бош, ки бо ту сухане дорам?
Он савор пиндошт, ки рост мегӯяд. Биистод. Самаки айёр пеши вай омад ва дар вай овехту ӯро аз пушти асп дар зер кашид ва корде чун қатраи об дар синаи вай чунон зад, ки аз пушти вай берун шуд ва силоҳу он чӣ пӯшида буд, берун карду дар худ пӯшид ва пой дар асп дароварду рӯй ба ҷанггоҳ ниҳод.
Санҷари паҳлавон чун нигоҳ кард, Самакро дид, пиндошт, ки он савор аст, ки вай фиристода буд. Чун биёмад, гуфт:
— Чӣ кардӣ, лашкар овардӣ?
Самак гуфт:
— Рафтам ва аҳвол ба эшон гуфтам, то мадад фиристонанд. Гуфтанд, акнун наметавонем омадан, агар паҳлавон тоқати эшон надорад, раҳо кунад ва биёяд, то мо худ кори эшон бисозем.
Чун Самак ин сухан бигуфт, Санҷари паҳлавон бирафт. Эшон низ бирафтанд ку рӯй ба лашкаргоҳ ниҳоданд.
Хуршедшоҳу Фаррухрӯ ва Шағоли Пилзӯру Самаки айёр бимонданд бо сандуқи Маҳпариву он панҷоҳ харвор хазона ва лоло Солеҳ пеши астари сандуқе, ки Маҳпарӣ дар он буд. Шоҳзода чун сандуқро дид, бифармуд, то ӯро аз сандуқ бадар оварданд. Чун духтар чунон дид, хуррам шуд. Ҳамгинонро бипурсид.
Хуршедшоҳ гуфт:
— Моро ин ҷойгоҳ будан маслиҳат нест. Бешак, лашкар биёянд. Ҷое бояд, ки ин хазина бо духтари шоҳ он ҷо барем ва моро паноҳ бошад, ки агар лашкар биёянд, мо ба ҷанги лашкар машғул шавему аз эшон фориғ бошем.
Самак гуфт:
— Эй шоҳзода, бидону огоҳ бош, ки маро ҷойгоҳе ёд омадааст; дарае маҳкам ва дар он дара мардест, ки дар ҷавонмардӣ тамом асту лашкаре тамом дорад ва дар зинҳордорӣ беназир асту ӯро Арғуни сарҷӯпон ном аст ва лашкари беҳад дорад ва ҳама ҷавонмардонанд. Моро бар он ҷойгоҳ мебояд шудан, вагарна дар ин сад фарсанге ҳеҷ паноҳе нест.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё